СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Муъминобод корхонаи истеҳсоли сангу шағал фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод корхонаи истеҳсоли сангу шағал фаъол гардид.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, корхона аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Талбак» таъсис дода шудааст.
Корхона ба истеҳсоли сангу шағал ва хиштҳои бетонӣ машғул аст. Бо таъмини дастгоҳу таҷҳизоти техникии зарурӣ қисмати бештари корҳо бо истифода аз механизмҳои соҳавӣ дар шакли худкор амалӣ мешавад. Дар айни замон дар корхона 12 сокини маҳаллӣ бо шуғл таъмин шудаанд.
Корхона дар саргаҳи селроҳае, ки қисмате аз ҷамоату деҳаҳои ноҳияи Муъминободро убур менамояд, бунёд гардидааст. Мақсади интихоби ин мавзеъ барои бунёди корхона он аст, ки масолеҳи зарурии дар корхона коркардшаванда ҳамчун ашёи хом аз дохили ин селроҳа гирифта мешавад. Дар натиҷаи чунин раванди фаъолият ҳам маҷрои селроҳа ба таври мунтазам тоза гардида, ҳам барои корхона дастрасии масолеҳ таъмин мешавад. Ҳамзамон фаъолияти корхона ба пешгирии хатари омадани сел ба мавзеъҳои аҳолинишин ва ё ҳудуди заминҳои корами ноҳия мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Муъминобод дар айни замон 17 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






