Ингминг Янг: «Бонки Осиёии рушд ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон мутобиқ ба стратегияи шарикии мамлакат таҳким мебахшад»

Май 28, 2025 16:32

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Бо хушнудӣ таъкид менамоям, ки  маротибаи  аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии гарми мардуми тоҷик аз наздик шинос шудам», — гуфт ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 Ингминг Янг иброз дошт, ки  дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили муҳими рушди иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид.

«Мо бар он назарем, ки рушди устувори мамлакат бояд ба воситаи тақвияти бахши хусусӣ, таъсиси ҷойи нави кор, рушди инфрасохтор, густариши рақамикунонии иқтисод ва истифодаи манбаъҳои энергияи «сабз» амалӣ гардад», — таъкид намуд Ингминг Янг.

Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд изҳор намуд, ки рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши малакаҳои нав дар шароити муосири тағйирёбандаи иқтисодӣ ва экологӣ барои беҳбуди зиндагии мардум аҳамияти бузург дорад. Таъкид шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва  Бонки Осиёии рушд аз соли 1998 инҷониб идома дошта, то имрӯз бонк ба мамлакат зиёда аз 2,7 миллиард доллари ИМА кумаки молиявӣ ҷудо намудааст.

Ингминг Янг инчунин иттилоъ дод, ки бонк барномаи нави минтақавии «Пирях ва хоҷагиҳо – (Glacier to Farms)»-ро амалӣ менамояд. Ҳадафи он истифодаи устувори захираҳои об, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи муҳити зист дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа мебошад.

«Бонки Осиёии рушд ҳамкории амиқ ва пурмуҳтавои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, минбаъд низ омода аст дар самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат мутобиқ ба стратегияи шарикии мамлакат ва барномаҳои миллии рушд дастгирии худро идома диҳад», — изҳор дошт ноиби Президенти бонк.

Дар анҷом Ингминг Янг аз имкони вохӯрӣ бо роҳбарияти олии мамлакат ва муколамаи созандаи дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки ин ҳамкории судманд дар оянда боз ҳам таҳким хоҳад ёфт.

Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг барои иштирок дар аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 28, 2025 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид