Мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ масъалаи афзалиятноки замони муосир аст

Май 26, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик» монографияи илмии муовини якуми директори Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Сафолзодаро  вобаста ба тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ дар  солҳои 1992 — 2021 ва танзими мушкилоти минтақавӣ дар ин самт  бо забони русӣ ба нашр расонид.

Тавре муаллиф ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар таҳқиқот гуфта мубрамияти мавзуъ  таъкид гардида,  инсоният огоҳ карда мешавад, ки ба ҳама гуна амалҳо  ва зуҳуроти номатлуби терроризми байналмилалӣ ва экстремизм бояд мубориза барад ва дар пешгирию маҳви ҳама гуна амалҳои маргбор  нақши муассир гузорад.

Бо назардошти ин ки имрӯз самтҳои бунёдӣ ва тамоюлҳои терроризми байналмилалӣ сабаби асосии изтироб ва нигаронӣ гардидаанд, мавзуи  таҳқиқоти илмӣ саривақтӣ ва муҳим мебошад.

Бар иловаи он, ки дар асри XXI терроризму экстремизми байналмилалӣ ба таври босуръат ва бо шиддат паҳн гашта, барои ҷомеаи башарӣ ба дуроҳие табдил гаштааст, ки инсоният дар ин росто ҷӯёи роҳҳо ва усулҳои нави  раҳоӣ аз он мебошад.

Бар ҳамин асос муроҷиати муаллиф ба масъалаи муборизаи фарогир ба муқобили терроризми байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нахустин рӯзҳои таърихи Истиқлолияти давлатии худ бо он рӯ ба рӯ гашта буд, бори дигар таъкид бар мубрамияти мавзуъ менамояд, ки он дар афкор, амалҳо ва таъкидҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 2022 чунин иброз гардида буд: «Имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ин ҳолат боиси ба миён омадани таҳдиду хатарҳои бесобиқаи амниятӣ гардида, дар маҷмуъ, ба сохтори бунёдии муносибатҳои байналмилалӣ таъсири ҷиддӣ мерасонад».

Дар монография бобҳои алоҳидаи он ба мавзуи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мубориза бо терроризми байналмлалӣ,  инчунин ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва танзими буҳрони минтақавӣ дар ин самт  бахшида шудаанд.

Аҳаммияти таърихӣ ва сиёсии мавқеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ дар он ифода меёбад, ки Роҳбари давлат ба таври доимӣ ин масъаларо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дода,  хатару таҳдидҳои ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро пайваста таъкид менамоянд. Тавре аз таъкидҳои Пешвои миллат бар меояд, Тоҷикистон чунин сиёсатро дар оянда низ идома хоҳад дод ва ҳадаф аз он минтақаи  озод аз терроризми байналмилалӣ, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир мебошад, ки бояд ба минтақаи босубот ва шукуфо табдил ёбад.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назарҳо ва ақидаҳои худро барои ҷудо намудани дини муқаддаси ислом аз кӯшишу талоши террористони байналмилалӣ, ки мехоҳанд аз бузургӣ ва манзалати он ҳамчун сипар истифода намоянд, борҳо баён намудаанд.

Он ҳолат равшан мегардад, ки дар ин мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ ва экстремизм танҳо пешбурди амалиёти низомии зиддитеррористӣ басанда нест. Зарур аст, ки ба туфайли талошҳои фарогири ҷомеаи байналмилалӣ заминаҳои бунёдие, ки фақру нодорӣ ва муфлисиро ба сифати сарчашмаи асосии ҷалби тарафдорони сафҳои террористони байналмилалӣ ба миён меоранд, аз байн бурда шаванд. Дар навбати худ ин ҷараёни ташаккули амалиёти ҷинояткорона зулм ва хушунатро дар робита ба онҳое, ки аз идеология, тафаккур ва роҳи онҳо тарафдорӣ наменамоянд, раво мебинанд.

Таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ тавоноии худро собит намуд. Яъне бо мушкилоти сатҳи ҷаҳонӣ танҳо тавассути кӯшиш ва талошҳои дастҷамъонаи ҷомеаи байналмилалӣ метавон мубориза бурд.

Май 26, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон шумораи ҷиноятҳои умумӣ бештар ба қайд гирифта шудааст
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид