Ноҳияи Данғара мизбони Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд

Май 22, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 май дар идомаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони озарӣ доир гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ доданд, пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос гардид.

Дар барнома ҳунармандони озарӣ оҳангу тарона ва рақсҳои миллиашонро пешниҳод намуданд.

Дар назар аст, ки ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар шаҳри Норак бо «Боғи анор» ва Неругоҳи барқи обии «Норак» ва дар шаҳри Душанбе бо  Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз ва Маҷмааи «Истиқлол»-и пойтахт шинос шаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Май 22, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд