«Телевизиони Сафина» се филми мустанад — «Таназзули пиряхҳо», «Сарвати башарӣ» ва «Ванҷях» -ро манзури тамошобинон намуд

Май 19, 2025 15:36

ДУШАНБЕ, 19.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» 3 филми мустанад, аз ҷумла «Таназзули пиряхҳо», «Сарвати башарӣ» ва «Ванҷях», инчунин барномаҳои гуногуни экологӣ таҳия ва пахш гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» муовини якуми директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» Маҳмадёқуб Зокирзода иттилоъ дод.

Ин филмҳо  тақрибан 30-дақиқаӣ буда, бо зернависи забони англисӣ дар телевизион пахш карда шуданд. Мавзуи филм таърихи омӯзиш ва вазъи пиряхҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад. Инчунин вобаста ба ин масъала бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом дода шуд.

Ба иттилои Маҳмадёқуб Зокирзода, ҳамарӯза дар барномаҳои телевизион суҳбату вохӯриҳо бо олимону донишмандон ва мутахассисони соҳа оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда, зарурати ин тадбирҳо ба омма фаҳмонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мегардад. Ин чорабинии муҳим дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбарӣ гардида, 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид аз ҷониби беш аз 150 кишвари аъзои ин созмон якдилона дастгирӣ ёфт, доир карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 19, 2025 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид