Дар Душанбе мубодилаи барномаҳои фарҳангӣ ва намоиши филмҳо байни Тоҷикистон ва Чин баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 05.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 4 июн дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳии барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ ва намоиши филмҳою барномаҳои телевизионӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи асосӣ мубодилаи фарҳангӣ ва намоиши филмҳою барномаҳои телевизионӣ байни ду давлат, таҳкими дӯстӣ ва тавсеаи ҳамкории фарҳангии ҷонибҳо мебошад.
Дар оғоз аз ҷониби телевизионҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои гуногунжанри телевизионӣ, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, имкониятҳои сайёҳӣ ва таъриху тамаддуни миллат тоҷик бозгӯ буд, намоиш дода шуд.
Иброз гардид, ки дар оянда шумораи барномаҳои телевизионӣ ва филмҳое, ки барои мубодила пешниҳод карда мешавад, боз ҳам афзоиш дода мешавад.
Дар доира мубодилаи беҳтарин филму барномаҳои телевизионӣ, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба телевизионҳои Шэнсӣ барои намоиш пешниҳод гардидааст. Инчунин аз ҷониби телевизионҳои Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин низ як қатор барномаву филмҳои телевизионӣ барои намоиш додан дар телевизионҳои Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ин иқдом барои муаррифӣ намудани фарҳангу оину суннат ва маконҳои таърихиву сайёҳии дуҷониб қадами муҳим мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






