Дар деҳаи Томини ноҳияи Айнӣ муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томини Ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Айнӣ ба бунёди бинои муассисаи таҳсилоти томактабӣ санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии