Сармоягузорони Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос шуданд

Июль 29, 2025 09:21

ДУШАНБЕ, 29.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июл бо мақсади шиносоӣ бо шароит ва имконоти мавҷудаи Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» сармоягузорони Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти роҳбарии Директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ — Чайна байналмилал» Хе Кангтай ба ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» рафтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Мустафо Абдуллозода оид ба ҷараёни бунёди инфрасохтори минтақа, корхонаҳои саноатӣ, имконоти сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавҷудияти захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ дар атрофи ин минтақа маълумот дод.

Меҳмонон ҳамзамон бо ҷараёни сохтмон дар зеристгоҳи барқии Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб», бинои маъмурӣ, меҳмонхона барои 20 ҷой ва раванди истеҳсолот дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷик Алмос»- корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ, аз ҷумла ҳавотозакунакҳои  ҳавоӣ ва равғанӣ шинос гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Июль 29, 2025 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад