Соли 2025 коргоҳи дӯзандагии «Чевар» 45 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол менамояд
ДУШАНБЕ, 17.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар коргоҳи дӯзандагии «Чевар»-и ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 27 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол гардидааст. Нақшаи истеҳсол барои соли 2025 45 ҳазор либоси мактабиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ хабар доданд.
Дар коргоҳи дӯзандагии «Чевар» дӯхти либоси мактабӣ ва қолинбофию атласбофӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин коргоҳ занони соҳибҳунар фаъолият намуда, ҷавондухтарони хоҳишманди ноҳия ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардидаанд.
Ин коргоҳ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ барои дастгирии ҳунармандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи ҳунарҳои дастӣ ва омӯзиши касбу ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






