Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд

Август 1, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 01.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҳким ва рушди заминаи илмию таҷрибавии муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имсол 8 озмоишгоҳи нав таъсис дода шуд. Аз ин шумора се озмоишгоҳ дар Институти химияи ба номи В.И. Никитин, 1 озмоишгоҳ дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров, 2 озмоишгоҳ дар Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбеков ва  2 озмоишгоҳ дар Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис дода шуд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ибрози назар намуд.

Қобилҷон Хушвахтзода иттилоъ дод, ки  дар шаш моҳи соли равон аз тарафи олимони академия 9 патент, аз ҷумла 8 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 патенти АвруОсиё барои ихтироъ, ҳамчунин 4 қарори мусбат оид ба додани нахустпатенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ ва 2 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии захираи иттилотӣ ба даст оварда шуданд.

Дар ин давра олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 110 мавзуъ, аз ҷумла  68 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдӣ, 14 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии амалӣ ва 28 мавзуи илмӣ-таҳқиқотии бунёдию амалӣ идома дода, натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Инчунин дар нишаст таъкид шуд, ки дар ҳошияи эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нашрияи расмии Академияи илмҳо бо номи «Илм ва инноватсия» таъсис дода шуда, шумораи нахустини он ба нашр расонида шуд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 1, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад