ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба сокинони ноҳияи Лахш тақдим гардид

Август 22, 2025 10:20

ЛАХШ, 22.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббус ва ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китобхонаю муассисаҳои таълимӣ ва сокинони ноҳияи Лахш китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги гузаштагонамон тақдим карда шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, 20 ҳазору 100 нусха китоби «Шоҳнома», иборат аз ду ҷилд ба 10 ҳазору 50 хонавода тақсим карда шуд. Тақдими ин китобҳо ба ҳар хонавода бо ҳузури масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва намояндагони муассисаҳои фарҳангию таълимӣ доир гардид.

Бояд гуфт, ки китоби безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷику форс буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад.

Дар баробари ҳар хоҷагӣ ба муассисаҳои таълимӣ, китобхонаҳо, марказҳои фарҳангии деҳот ва ташкилоту муассисаҳо низ якнусхагӣ аз ду ҷилди китоби «Шоҳнома» расонида шуд.

Роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иброз доштанд, ки ин туҳфаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои фарҳангии халқи тоҷик ва тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас аҳамияти ҷиддӣ дошта, дар рушди худшиносию худогоҳӣ ва густариши маърифат дар байни мардум, бахусус ҷавонон нақши муҳиму созанда дорад.

Намояндагони Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан ба хонаҳои сокинон рафта, китобҳоро тақдим намуданд, ки дар онҳо таърихи пурғановат, мероси фарҳангӣ ва роҳи рушди халқи тоҷик инъикос ёфтааст. Ин китоб на танҳо ганҷинаи маънавӣ, балки сарчашмаи муҳими дониш барои тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносӣ, ватанпарварӣ ва эҳтироми анъанаҳои ниёгон мебошад.

Сокинони ноҳия ин китоби арзишмандро бо шодию сипос қабул намуданд. Омӯзгор Мирзоаҳмад Сайғуфронов гуфт, ки «барои мо ин китоб аҳамияти хосса дорад, зеро дар он таърих ва ҳикмати ниёгони мо гирд оварда шудааст. Ба Президенти Тоҷикистон барои тарғиби ватандӯстӣ ва тақдими ин китоби таърихӣ ба мо арзи сипос менамоем».

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Август 22, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид