Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми чоруми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва интерконнект иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 27.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми чоруми Осиёи Марказӣ оид ба пиринг ва интерконнект (CAPIF — 4) баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони соҳаи алоқаи Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мақсади баргузории форум тақвияти робитаҳои интернетӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ гардид.
Иброз шуд, ки «CAPIF — 4» минбари мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкорӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими рушди инфрасохтори интернетӣ дар минтақа мебошад.
Намояндагони Тоҷикистон дар форум оид ба рушду тавсеаи хадамоти интернетӣ, такмили инфрасохтори соҳа, нақши интернет дар фаъолияти соҳаҳои гуногун ва ислоҳоти ин соҳа дар Тоҷикистон маълумот доданд.
«Тоҷикистон барои густариши додани ҳамкорӣ бо дигар кишварҳо дар соҳаи алоқа ва таҳкими фаъолияти операторони шабака ва интернет-провайдерҳо ҳавасманд аст», -изҳор доштанд намояндагони Тоҷикистон.
АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд






