Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Сентябрь 29, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 29.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ёддошти тафоҳум ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо   истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Ин санад дар ҳошияи баргузории намоиши байналмилалии Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон ба имзо расид.

Санадро директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода ва директори Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон Амина Меликова ба имзо расониданд.

Ба имзо расидани ин санади муҳим имкон медиҳад, ки ҳамкории мутақобили судманд байни Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон дар соҳаи осорхонашиносӣ, тарғиби мероси фарҳангӣ ва ҳамчунин тақвияти робитаҳои илмӣ тавсеа ёбад.

Дар доираи ёддошти тафоҳум ҷонибҳо имкон доранд, ки мутахассисони соҳаи кори осорхонавиро дар самти тармим ва таҳкими ашёи нодири таърихӣ омӯзонанд, феҳристи осори миллиро нашр намуда, намоишҳои осорхонавӣ, семинарҳо, симпозиумҳо, конфронсҳо ва анҷуманҳои муштарак доир ба масъалаҳои ҳифзу муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ баргузор кунанд.

Ҳамзамон дар доираи баргузории намоиши байналмилалии «Олами гулдӯзии тоҷикон» роҳбарият ва ҳайати кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон толорҳои намоишии Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷонро тамошо намуда,  бо намунаҳои нодири қолинҳо ва маҳсули ҳунари қолинбофии анъанавии Озарбойҷон, ки таърихи куҳан дорад, аз наздик шинос гардиданд.

Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон яке аз муассисаҳои бонуфузи фарҳангӣ буда, на танҳо коллексияи нодири қолинҳоро ҳифз, нигаҳдорӣ ва муаррифӣ менамояд, балки ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва маърифатӣ низ машғул мебошад. Бинои осорхона, ки ба шакли қолини печонида тарҳрезӣ шудааст, намунаи ҷолиби меъморӣ ва яке аз рамзҳои шаҳри Боку мебошад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Сентябрь 29, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд