Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории илмӣ дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва дин баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 17.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масоили муҳими рушди таҳқиқоти илмии муосир дар соҳаҳои фалсафа, сиёсатшиносӣ, ҳуқуқ ва диншиносӣ 16 сентябр зимни мулоқоти роҳбарияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва намояндагони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва диншиносии Кумитаи илмии Вазорати илм ва маълумоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо мубодилаи таҷрибаро дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ, табодули иттилооти илмӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин масъалаи таҳия ва имзои ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни ду муассиса матраҳ гардид. Тарафҳо барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд. Қарор шуд, ки ояндаи наздик барои пайгирӣ ва иҷрои бандҳои ёддошт оид ба ҳамкорӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
Ин ҳамкорӣ қадами муҳим барои ба роҳ мондани робитаҳои устувори илмӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба ҳисоб меравад, ки метавонад ба рушду тавсеаи тафаккури илмии минтақавӣ ва таҳкими муколамаи фарҳангию илмӣ мусоидат намояд.
АКС: Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд






