Дар Душанбе ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид

Сентябрь 17, 2025 15:45

ДУШАНБЕ, 17.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Узбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва роҳбарони ташкилоти асосии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни ифтитоҳи ҷаласа Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ниҳоди  хеле муътабар буда, дар густариши ҳамкорӣ байни мамлакатҳо нақши бузург дорад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ  гуфт, ки ташаккул додани робитаҳои фарҳангӣ байни мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар таърих саҳифаи нав боз мекунад. Зеро фарҳанг дар муттаҳидсозии миллатҳо нақши муҳим мебозад. Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебошад. Инчунин рушди фазои умумии башардӯстона, ки соҳаи фарҳанг ҷузъи муҳими он мебошад, аз авлавияти асосии Иттиҳод мебошад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз дошт, ки муносибатҳои фарҳангӣ яке аз бузургтарин шакли робитаҳо байни миллатҳо буда, дар бисёр маврид мушкилоти мавҷударо бо ҳамкории фарҳангӣ  баррасӣ менамоянд.

Дар ҷаласа иштирокдорон фаъолияти ташкилоти асосии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар солҳои 2024-2025, нақшаи корӣ барои соли 2026, омодасозии лоиҳаи чорабиниҳо барои солҳои 2026-2028, гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Иттиҳод дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷаласа иттилоъ дода шуд, ки шаҳри Лачини Ҷумҳурии Озарбойҷон «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» дар соли 2025 интихоб гардид.

Бояд гуфт, ки шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» эътироф гардида буд. 21 марти соли 2021 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангӣ ва маросими эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» доир шуда, Сертификати он ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супорида шуд.

Дар ҷаласаи XXXX Шурои ҳамкории фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иброз гардид, ки бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ, баланд бардоштани маърифат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шаҳрҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чун анъана ҳар сол  як шаҳр «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» эълон мегардад.

Шурои ҳамкории фарҳангии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми масъули ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг байни давлатҳои аъзои Иттиҳод мебошад. Вазифаҳои асосии он тартиб додани барномаҳои фарҳангӣ, рушди ҳамкории фарҳангӣ, таҳияи барномаҳои ҳамаҷониба ва созишномаҳои байналмилалӣ мебошад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2025 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мегардад
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Фестивал-озмун имкон медиҳад, ки арзишҳои фарҳанги миллӣ ҳифз ва тарғиб карда шаванд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад