Дар Тоҷикистон истеҳсоли тухми паранда беш аз 19 фоиз зиёд гардидааст

Сентябрь 28, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 28.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти оморӣ, дар мамлакат аз моҳи январ то августи соли 2025  914,2 миллион дона тухм истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба соли 2024   19,5 фоиз зиёд мебошад.

Ба иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, истеҳсоли тухмро хоҷагиҳои вилояти Суғд 29,7 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 2,5 фоиз, вилояти Хатлон 0,1 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2,5 фоиз зиёд намудаанд.

Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад.

Ба иттилои Вазорати кишоварзии мамлакат, дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 228 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024   10 адад зиёд мебошад. Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 112 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, то моҳи августи моли 2025 дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 12 миллиону 601 ҳазору 955 сар паранда парвариш ёфта, 669 234 дона тухм ва 19 681 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст. Яъне, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори паранда 668 ҳазору 585 сар, истеҳсоли тухм 126 201 ҳазор дона ва гӯшти паранда 495 тонна зиёд мебошад.

Дар шароити имрӯза парандапарварӣ барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти серғизо, инчунин фароҳам овардани ҷойи нави кор дар деҳот аҳамияти калон дорад. Дар ин самт дар мамлакат навъҳои гуногуни паранда, аз ҷумла мурғҳои тухмдеҳ, мурғҳои гӯштин ва парандаҳои маҳаллӣ парвариш меёбанд. Ҳамзамон намудҳои камшумори дигар, ба мисли бедона ва мурғи марҷон низ парвариш карда мешаванд.

Парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бахшҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб шуда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 28, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад