Мутахассисони тоҷику хориҷӣ дар пиряхи Якарча таҳқиқоти маҷмуии илмӣ гузарониданд

Сентябрь 3, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 03.09.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо мутахассисони донишгоҳи Фрибурги Швейтсария дар пиряхи Якарча таҳқиқоти комплексии илмӣ  гузарониданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, таҳқиқот аз 22 то 28 августи соли равон гузаронида шуда, зимни он бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизоти муосир корҳои саҳроӣ амалӣ гардиданд. Дар рӯи пирях рекаҳои аблятсионӣ насб карда шуданд, ки барои муайян намудани сатҳи обшавӣ ва ҳисоб намудани баланс-миқдор хизмат мекунанд.

Натиҷаҳо нишон доданд, ки дар баландии зиёда аз 3500 метр сатҳи пирях ба ҳисоби миёна давоми ду соли охир аз 3,5 то 4 метр паст шудааст. Ин нишонаи он аст, ки пирях дар ҳолати таназзули фаъол қарор дорад.

Дар минтақаи ғизогирии пирях, ки бояд ҳар сол захираи барф ва фирн ҷамъ шавад, моҳи август қариб ягон барфи доимӣ боқӣ намондааст. Ин ҳолат барои мувозинати миқдори пирях хеле нигаронкунанда мебошад, зеро маҳз барфи мавсимӣ таъминкунандаи асосии миқдор ва нигоҳдорандаи пирях ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар пирях сенсори ҳароратӣ (термистор) дар ҷуқурии то 15 метр насб карда шуд. Дар солҳои оянда аз рӯи маълумоти ин сенсорҳо таъсири мустақими тағйирёбии иқлим ба сохтори дохилии пирях мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Пиряхи Якарча, ки дар қаторкӯҳи Ҳисор ва ҳавзаи болообии дарёи Варзоб ҷойгир аст, яке аз пиряхҳои муҳими Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин пирях на танҳо манбаи асосии ташаккули оби дарё мебошад, балки чун нишондиҳандаи муҳимтарини тағйирёбии иқлим хизмат мекунад. Дар даҳсолаҳои охир баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво ба раванди обшавии пиряхҳо суръат бахшида, дар мувозинати миқдори онҳо тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.

Ҳамчунин давоми экспедитсия дар маҷрои дарёчаи Майхӯра, наздик ба забонаи пиряхи Якарча таҳқиқоти гидрологӣ гузаронида шуд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд