Сокинони ноҳияи Шаҳринав соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон-«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд

Сентябрь 18, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 18.09.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тақдими китоби «Шоҳнома»-и  Абулқосим Фирдавсӣ ба 18 ҳазору 129 оилаи ноҳияи Шаҳринав оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Тақсими шоҳасари безаволи  Абулқосим Фирдавсӣ- «Шоҳнома» ба аҳолии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расид, идома дорад.  Тақсими ин шоҳасар бо дастури Сарвари давлат ба ҳар хонаводаи аҳолии мамлакат аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт шуруъ гардид.

Бояд гуфт, ки китоби «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ яке аз асарҳои безаволи адабиёти тоҷику форс буда, арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва маънавии миллати тоҷикро инъикос менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки мутолиаи чунин китобҳо барои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ аҳамияти калон дорад. Аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар хонавода туҳфа гардидани  ин китоб  иқдоми арзишманди арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллати бостонӣ ва тамаддунофари тоҷик буда, ба таҳкими худшиносии миллии ҳар оила таъсир мерасонад.

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 18, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд