Ансамбли давлатии «Фалак»-и Тоҷикистон дар ҷашнвораи «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг» дар Сеул иштирок намуд

Октябрь 7, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 07.10.2025  /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои ҳунарии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷашнвораи фарҳангии кишварҳои Осиё таҳти унвони «Муттаҳидӣ тавассути фарҳанг», ки дар шаҳри Сеул баргузор гардид, ҳунарнамоӣ карданд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар»  бо истинод ба  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар медиҳад.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин чорабинӣ ансамбли давлатии «Фалак» иштирок намуд. Суруду таронаҳои пурмазмун ва оҳангҳои ҷаззоби ҳунармандони тоҷик писанди тамошобинони сершумори кореягӣ гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 10 октябр дар Тоҷикистон Рӯзи Фалак муайян карда шудааст. Ин санъати беназири миллии тоҷикон ифодаи ҳиссиёт, андеша ва руҳи мардуми тоҷик буда, дар рушди фарҳанги миллии мамлакат  ҷойгоҳи арзанда дорад.

Ин мусиқии суннатии тоҷик 15 декабри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж расман ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардид.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Октябрь 7, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд