Масъалаи мондани панелҳои офтобӣ дар хонаҳои истиқоматӣ мавриди омӯзиш қарор мегирад

Ноябрь 26, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 26.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи насби панелҳои офтобӣ дар манзилҳои истиқоматӣ ва ҳамоҳангсозии истифодаи онҳо бо шабакаҳои барқии кишвар мавриди омӯзиш қарор дода шавад. Ҳамчунин фарҳанги истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни мардум васеъ тарғиб гардад. Чунин дастур доданд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ноябри соли равон.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар бораи «Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» шунида шуд.

Иброз гардид, ки баробари амалӣ намудани Барнома натиҷаҳои зерин , аз ҷумла 2680 МВт иқтидори нави истеҳсолии энергияи барқ аз ҳисоби неругоҳҳои барқи обии нав, 253 МВт иқтидори иловагии истеҳсоли энергияи барқ аз ҳисоби азнавсозии неругоҳҳои амалкунанда ва барқарор гардидани 440 МВт иқтидорҳои аздастрафта бинобар фарсуда будани таҷҳизот, 1500 МВт аз ҳисоби энергияи офтоб, то ба 3 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои интиқоли барқ, то 9 дарсад расондани сатҳи талафоти энергияи барқ дар шабакаҳои тақсимоти барқ ва ба 5 млрд.киловат соат расонидани содироти энергияи барқ пешбинӣ шудааст.

«Барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқӣ барои солҳои 2026-2030» бо мақсади таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки энергияи барқ», ки яке аз ҳадафҳои калидии Стратегияи миллии рушди ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, таҳия гардидааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 26, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар мавзуи моҳияти иқтисоди сабз конференсия баргузор шуд
Дар Кумитаи андоз масъалаҳои мубрами муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирӣ он баррасӣ гардид
Дар Суғд ҳаҷми маблағгузорӣ аз ҷониби аҳолӣ беш аз 3 маротиба зиёд шудааст
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Иҷрои дурнамои кишти зироат дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 21-уми Конфронси кулли Созмони рушди саноати СММ иштирок менамояд
Дар шаҳри Ваҳдат «Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ» баргузор гардид
Ҳамкорӣ дар самти ҳисоботдиҳӣ оид ба пардохтҳо ва даромадҳо дар соҳаҳои истихроҷ баррасӣ гардид
Масъалаи беҳтар кардани сифати алоқаи мобилӣ, интернет ва хизматрасонии операторҳои мобилӣ баррасӣ гардид
Оид ба нақши зеҳни сунъӣ дар истифодаи технологияи иттилоотӣ ва рақамӣ конференсия доир шуд
Дар Хадамоти гумрук бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Кӯлоб беш аз 26 миллион сомонӣ зиёд гардидааст