35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Калфи Сабади ноҳияи Ёвон майдони варзишии муосир сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Калфи Сабади деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст ва сокинони маҳаллӣ майдони варзишии дорои чамани сунъӣ бо тарзи муосир бунёд карда мешавад. Дар ин хусус аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои ҳамворкунии чамани сунъӣ, панҷарабандӣ, симтӯрҳои муҳофизатӣ, насби рӯйпӯши ҳимоявӣ ба анҷом расида, бунёди ҷойи нишасти тамошобинон, минбар ва утоқҳои либосивазкунии варзишгарон идома дорад.
Иншоот ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ буда, паҳноии он 60 ва дарозияш 90 метрро дар бар мегирад.
Ин майдони варзишӣ дар миқёси вилояти Хатлон аз лиҳози тарзу усул ва муосир ягона арзёбӣ мегардад. Баъди ба истифода додани майдони варзишӣ имкони баргузории мусобиқаҳои ноҳиявӣ ва дигар чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ фароҳам мегардад.
Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода бо изҳори қаноатмандӣ аз сифати корҳо ва масъулияти баланди соҳибкорон гуфт, ки бунёди чунин инфрасохтор барои рушди тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти фарҳангӣ аҳамияти хосса дорад.
Таъкид шуд, ки тамоми корҳо бояд бо риояи меъёрҳои техникию сохтмонӣ, дар муҳлати муайяншуда ва бо сифати баланд анҷом дода шаванд.
Сокинон ва соҳибкорони деҳа изҳор доштанд, ки барои иҷрои пурраи корҳо аз тамоми имконият истифода мебаранд. Онҳо ин иқдомро ҳамчун нишонаи ватандӯстӣ ва садоқат ба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Таҳти ин унвон Озмуни ҷумҳуриявии «Мақолаи беҳтарин» баргузор мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Хоруғ озмунҳои шаҳрӣ ва иқдоми бунёдкорӣ гузаронида мешаванд
Дар ноҳияи Мастчоҳ 200 иншооти таъйиноти гуногун бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Ҳисор лоиҳаи бунёди мактабҳои нав муаррифӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид






