Доир ба нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва ‎фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд

Декабрь 19, 2025 16:39

ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши Хонаи китоби Тоҷикистон дар ҳифзи таърих ва фарҳанги миллӣ»  конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии ‎‎«Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон» хабар доданд.

Зимни ҳамоиш директори Муассисаи давлатии «Агентии миллии ‎созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби ‎Тоҷикистон» Зафари Шариф иброз намуд, ки ба масъалаи китобу китобхонӣ Сарвари давлат пайваста таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас низ роҳандозӣ менамоянд.

Тавре дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ иброз гардид, ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеию бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд.

Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд.

«Шоистаи таҳсин аст, ки ҳар иқдом ё санае, ки аз олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, сабаби болоравии маънавиёти мардум, бахусус насли ҷавони имрӯза ва аҳли ҷомеа мегардад»,- иброз намуд директори Хонаи китоб.

АКС: ‎ Муассисаи давлатии «Агентии миллии ‎созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби ‎Тоҷикистон»

Декабрь 19, 2025 16:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд