Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид

Январь 4, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 04.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Дона Баҳром таҳти унвони «Саду як таронаи Дона Баҳром» ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Зимни ҳамоиш ректори донишкада Маҳмуд Назарзода иброз дошт, ки Дона Баҳром яке аз ҳунармандони сермаҳсули ҷумҳурӣ буда, давоми фаъолияти касбӣ офаридаҳои зиёди ҳунарияш дар хазинаи тиллоии радио сабт гардидаанд.

Дона Баҳром на фақат сурудҳои маълуму анъанавиро бо фасоҳати баланди ба худ хос иҷро мекунад, балки бештар кӯшиш менамояд, ки сурудҳоро бо оҳанги худаш пешкаши мухлисони сершумораш гардонад. Оҳангу сурудҳои офаридааш, аз як тараф анъанаи классикиро дар худ нигоҳ доранд, аз тарафи дигар, вобаста ба талаби замон такмил ёфта, ба қалби сомеон роҳ меёбанд.

Дона Баҳром дар ноҳияи Дарвоз, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1973 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, солҳои 1975 – 1980 дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба номи Чайковскии шаҳри Ваҳдат ба ҳайси муаллим, ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия фаъолият кардааст. Солҳои омӯзгорияш пайваста нозукиҳои санъати классикии созию овозиро меомӯхт.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Январь 4, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд