Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд

Февраль 25, 2026 08:47

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврали соли 2026 Созишнома оид ба таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО оид ба «Таҳқиқоти об, таҳсилоти экологӣ ва рушди устувор» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Директори генералии ЮНЕСКО Холид Эл-Анани ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада иттилоъ доданд, 12 феврал дар донишкада маросими расмии баимзорасонии созишнома аз тарафи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид, ки оғози фаъолияти расмии Кафедраи ЮНЕСКО дар доираи Барномаи UNITWIN/UNESCO Chairs ба ҳисоб меравад.

Дар маросим роҳбарияти донишкада ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аҳамияти рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳсилоти экологӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва рушди устувор таъкид гардид.

Кафедраи ЮНЕСКО ба рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Барои таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон  ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО–и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шарикони миллӣ ва байналмилалӣ изҳори сипос менамояд.

Таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО нуфузи байналмилалии донишкадаро тақвият бахшида, саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба об ва рушди устувор боз ҳам таҳким мебахшад.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Февраль 25, 2026 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд