НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикобод 5 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОБОД, 02.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 дар ноҳияи Тоҷикобод ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 329 миллиону 206 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2024 18 миллиону 607 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ соли 2025 3228 тонна маҳсулоти ғалладонагӣ, 29 884 тонна картошка, 6761 тонна сабзавот, 7877 тонна мева, 2329 тонна гӯшт ва 124 тонна асал истеҳсол намуда, бозорҳои мамлакатро бо маҳсулоти кишоварзӣ таъмин намуданд. Дар ин хусус Раиси ноҳияи Тоҷикобод Қадриддин Фақерзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки соли 2025 дар ноҳияи Тоҷикобод 5 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд, ки дар он 21 нафар сокинон бо ҷойи кор таъмин шуданд. Шумораи умумии коргоҳҳои истеҳсолӣ дар ноҳия зиёда аз 26 адад мебошад, ки қисми зиёди онҳо ба таври мавсимӣ фаъолият менамоянд. Ҳамчунин дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 13 миллиону 349 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2024 ду миллиону 603 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Иброз гардид, ки ба ифтихори ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду барқарорсозии 101 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 84 иншоот ба истифода дода шуда, сохтмони иншооти боқимонда идома дорад.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Миср ҳамкориро дар соҳаҳои дорусозӣ, нассоҷӣ ва мошинсозӣ густариш медиҳанд
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд






