Ҳайати Туркманистон барои иштирок дар ҷаласаи Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба Душанбе омад

Март 3, 2026 11:10

ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Туркманистон таҳти роҳбарии муовини Раиси Девони вазирон Тангригулӣ Атахаллиев барои иштирок дар ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба шаҳри Душанбе омад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳайати расмии Туркманистонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.

Ҷаласаи чордаҳуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ 3-4 март дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар он масъалаҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ, вусъати равобити ду давлат ва имконияти нави муносибатҳои мутақобили судманд баррасӣ мегарданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2026 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон бо ҳолати кишти картошка шинос шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд – чорроҳаи Роҳи бузурги Абрешим» баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 12 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
Вазири молияи Тоҷикистон бо роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 200 гектар боғ бунёд карда мешавад
Чаро дар чарогоҳҳо ва заминҳои лалмии Тоҷикистон ҳашароти зараррасон бештар гардидааст?
Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд: «Дар мавсими гармо ба бехатарии маҳсулот диққат диҳед!»
Тоҷикистон то соли 2029 истифодаи гидрофторкарбонҳоро то 70 фоиз коҳиш медиҳад
Тавсеаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи ҳамлу нақл баррасӣ гардид
Кишти зериплёнкавии пунбадона аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб меравад