Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд

Апрель 10, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Дар оғоз муҳтарам Рустами Эмомалӣ ташрифи нахустини меҳмон ва ҳайати ҳамроҳро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри зебои Душанбе самимона хайрамақдам гуфта, иброз намуданд, ки ин сафар қадами муҳим ва муассир дар самти таҳкими ҳамкории минбаъда дар соҳаи варзиш, бахусус гӯштин аст, ки аз ҷумлаи маъруфтарин ва маҳбубтарин намудҳои варзиш дар кишвари мо маҳсуб мешавад.

Президенти Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштин Ненад Лалович ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои истиқболи самимӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон кард, ки ҳамкорӣ дар ин самт бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи хеле хубу муассир ба роҳ монда хоҳад шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дурнамои ҳамкории минбаъда ва рушди навъҳои гӯштин дар Тоҷикистон муфассал мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси  шаҳри Душанбе

Апрель 10, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади муаррифии бештари имконияти сайёҳии шаҳри Душанбе лоиҳаи инноватсионии «QR-роҳнамо» таҳия гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон — меъмори сулҳ ва ваҳдати миллии тоҷикон
Дар Душанбе хатсайри нави автобуси барқӣ ба фаъолият оғоз намуд
Масоили рушди низоми нақлиёти шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни шаҳри Душанбе ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ. Ин чорабинӣ дар фазои идона баргузор шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ НОҲИЯИ ПАНҶ. Деҳқонон беҳтарин маҳсулоти кишоварзиро пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт намуданд
Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии ноҳияҳои Спитамен, Шаҳринав ва Панҷ баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ доир шуд
РӮЗИ ФАРҲАНГИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Аз маҳсулоти кишоварзӣ то ҳунарҳои мардумӣ муаррифӣ гардид
МАРҲАБО БА ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ. Имрӯз дар пойтахт Рӯзҳои фарҳангии шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Қубодиёну Рӯдакӣ баргузор мегардад