Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд

Апрель 11, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/.  Аз 8 то 10 апрел дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Дар ин хусус   ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

          Дар ҷаласа ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон иштирок намуданд. Аз Тоҷикистон намояндагони «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти гумрук, Вазорати фарҳанг иштирок намуда, тибқи барнома дар мавзуъҳои мубрами соҳа суханронӣ намуданд.

Ҷаласа аз ҷониби Барномаи рушди ҳуқуқи тиҷоратии Вазорати савдои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкил шуда, ба мавзуи «Охирин тағйиру иловаҳо дар соҳаи ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ — ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷойи пайдоиши мол» бахшида шуд.

Дар доираи ҷаласа инчунин вохӯрии дуҷонибаи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид. Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ, такмили қонунгузорӣ вобаста ба ишораҳои ҷуғрофӣ ва номи ҷойи пайдоиши мол, инчунин рушди ҳуқуқҳои муаллиф ва омӯзиши мутахассисонро баррасӣ карданд.

Ҳамзамон вохӯрии дуҷонибаи ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти Агентии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Озарбойҷон доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар заминаи созишномаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла табодули таҷриба дар самти рақамикунонӣ, такмили низоми қонунгузорӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисон ва баргузории чорабиниҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки густариши ҳамкории дуҷониба метавонад ба рушди минбаъдаи соҳаи моликияти зеҳнӣ дар ҳар ду давлат мусоидат намояд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд