Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт

Апрель 15, 2026 23:00

ДУШАНБЕ, 15.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Майдони Истиқлол» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, ки ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, намоиши аксҳои Душанбе оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Намоиши мазкур то 19 апрели соли равон идома ёфта, ҳадафи асосии он муаррифии имконияту зарфияти сайёҳии шаҳри Душанбе, тарғиби дастовардҳои шаҳрдорӣ ва ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ мебошад.

Дар намоиш зиёда аз 100 акси беҳтарин аз манзараҳои зебо, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва имконияти сайёҳии пойтахт, ки дар саҳифаҳои шуъбаи рушди сайёҳӣ дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel) ва Телеграмм (dushanbe.travel) мунтазам инъикос карда мешаванд, ба маърази тамошо  гузошта шудаанд.

Аксҳо аз ҷониби аксбардори маъруфи кишвар Дидор Саъдуллоев омода гардида, дастовардҳои солҳои охири рушди шаҳри Душанберо, ки бо заҳмату талошҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба даст омадаанд, инъикос менамоянд.

Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, кормандони соҳаҳои гуногун, сокинону фаъолони пойтахт, донишҷӯёну хонандагон, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон баргузор гардид.

Зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид гардид, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти мамлакат солҳои охир бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо ибтикори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба маркази муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ табдил ёфтааст.

Дастовардҳои назарраси пойтахт самараи Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи пойдор буда, барои рушди минбаъдаи кишвар заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ меҳмонон ва иштирокчиён ба тамошои дастҷамъонаи намоиши аксҳои Душанбе даъват карда шуданд.

Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён инчунин  Осорхонаи таърихии Душанбе, воқеъ дар Маҷмааи «Истиқлол»-ро тамошо карданд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Апрель 15, 2026 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Рустами Эмомалӣ: «Бо ташаббуси Пешвои миллат таҳқиқ ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ ба сатҳи нави илмӣ бароварда шуд»
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд
ПОЙТАХТ – ОИНАИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бахшида мешавад
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор. Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз шуд
Пагоҳ дар Душанбе Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» оғоз меёбад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд