Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд

Апрель 5, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 05.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Наврӯз — рамзи худшиносии миллӣ ва ҷашни баҳамоии тамаддунҳо» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар конференсия Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ оид ба таърих, ҳикмат, анъана, фарҳанг ва ҷаҳонишавии Наврӯз ибрози назар намуда, нақши муассисаҳои таълимиро дар тарбияи насли ҷавон ва густариши фарҳанги миллӣ баланд арзёбӣ намуд.

Дар маърузаҳои  иштирокдорон диққати асосӣ ба ҷойгоҳ ва нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди арзишҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкории тамаддунҳо дода шуд. Гуфта шуд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни миллӣ, балки омил ва василаи пайванди фарҳангҳои гуногун ва густариши ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳо мебошад.

Иброз гардид, ки чунин конференсияҳо барои ҷавонон имкони омӯзиши арзишҳои миллӣ ва васеъ кардани доираи донишҳои илмӣ ва фарҳангиро фароҳам меоранд. Эҳёи суннатҳои миллӣ ва анъанаҳои Наврӯз барои тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии ҷавонон нақши муҳим мебозад.

Иштирокчиён дар қисмати музокираи конференсия фикру мулоҳизаҳояшонро оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, тарғиби анъанаҳои миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон баён намуданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 5, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд