Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар маҳаллаи «Бӯстон» — и шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бозиҳои варзишӣ ва оростани хони наврӯзӣ таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода иброз намуд, ки ҷашни Наврӯз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳанпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тамоми хусусияти таърихиву фарҳангияш эҳё гардидааст. Наврӯз ҳоло ба ҷашни милливу давлатии мо-тоҷикон ва рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилии мардум ва пайванди наслҳо табдил ёфтааст.
Иброз гардид, ки вожаи Наврӯз дар тамоми ҷаҳон бе тарҷума бо ҳамин ном истифода мешавад. Наврӯз дар фарҳанги мо-тоҷикон рӯзи нав, зиндагии нав, ба ваҳдат омадани инсонҳоро талқин намуда, ин рукни муҳим пос дошта мешавад
Ҳамзамон барои болидаруҳии сокинон барномаи фарҳангӣ намоиш дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид






