Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ифтитоҳи фестивал-намоишгоҳ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузории чунин чорабинии байналмилалиро нишонаи рушди ҳамкории гуногунҷанба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ намуд.
Изҳор гардид, ки фестивал дар муддати кӯтоҳ ба шакли беназири байналмилалии муколама табдил ёфта, ба ташаккули модели нави рушди таҳсилот, густариши ҳамкории илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдидҳои муосир рушди ҳамгироии илму маориф, технология ва инноватсия аҳаммияти калидӣ дошта, маҳз тавассути чунин платформаҳо метавон заминаи рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиётро таъмин кард.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Таъкид гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имконияти таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкории илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои илмӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Ҳамзамон иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои асосии муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб кафили рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд.
Дар фестивал намояндагони корпуси дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории фестивалро дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Баъди анҷоми қисми расмӣ иштирокчиён бо намоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» шинос гардиданд. Дар ин намоишгоҳ зиёда аз 10 ҳазор хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо имконияти таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои стипендиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз давлатҳои гуногун шинос гардиданд.
Тибқи барномаи фестивал, дар нимаи дуюми рӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш дар мавзуи «Сифати таълим ва мутобиқсозӣ ба стандартҳои байналмилалӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ватанӣ масъалаҳои муҳимми рушди таҳсилоти олӣ ва ҳамкории байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 аз 6 то 10 апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор мегардад. Он ба рушди ҳамкории байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат ва таҳкими робитаҳои илмӣ мусоидат менамояд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба иқтисоди миллӣ ҳамоиш доир шуд
Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» 173 ҷойи ифтихориро сазовор шуданд






