Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 06.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик дорои таърихи куҳан буда, решаҳои он ба умқи асрҳо мерасанд. Чунин иброз намуд директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар базми наврӯзие, ки дар Осорхонаи миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуда, имрӯз ҳамчун унсури муҳимми ҳувияти миллӣ ва арзиши фарҳангии умумибашарӣ эътироф гардидааст.
Дар доираи чорабинӣ аз фонди осорхона якчанд намунаи нодири осори ҳунарӣ, аз ҷумла гулдӯзиҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки сатҳи баланди ҳунари мардумӣ ва анъанаҳои деринаи фарҳангии тоҷиконро таҷассум менамоянд. Ин осор ҳамчун бозгӯкунандаи таърихи ғанӣ ва мероси фарҳангии миллат аҳамияти муҳими илмӣ ва маърифатӣ дорад.
Ҳамзамон дар ҳамоиш аз ҷониби кормандони муассиса барномаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла иҷрои бозиҳои суннатӣ ва қироати шеърҳо дар васфи Наврӯз пешниҳод гардид, ки ба фазои идона ҳусни тоза бахшиданд.
Дар анҷоми чорабинӣ роҳбарияти муассиса як зумра кормандони фаъолро барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати фарҳангии давлатӣ, бахусус дар рушди соҳаи осорхонашиносӣ бо «Сипоснома» қадрдонӣ намуд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд






