Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар “Боғи Ирам” Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам» аз ҷониби Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ин чорабинии пуршукуҳ намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва корпусҳои дипломатӣ муқими шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст меҳмонон бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллии мардуми тоҷик шинос шуда, ба маҳорату малакаи роҳбарияту кормандон ва хонандагону донишҷӯёни ин муассисаҳо баҳои баланд доданд.
Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки рамзи покизагӣ, гармӣ ва ҳамдилӣ аст, барои ҳар як оила, ҳар як хонанда ва ҳар як омӯзгор фазои умед ва шодмонӣ эҷод мекунад. Наврӯз на танҳо оғози соли нави офтобӣ ва табиат аст, балки ба мо хотиррасон мекунад, ки ҳар рӯзи ҳаёт ва ҳар қадам дар омӯзишу тарбияи насли нав воқеан қиммат ва боэътимод аст.
«Шумо, омӯзгорон бо меҳнати шабонарӯзӣ ва масъулиятшиносӣ роҳнамои кӯдакон ва ҷавонон ҳастед, ки бо донишу заковат ва аҳлу интизоми худ онҳоро ба сӯи дониш, касбомӯзӣ ва эҷодкорӣ раҳнамун месозед. Бо кӯшиш ва заҳматҳои шумо ҳар хонанда дарк мекунад, ки омӯзиш роҳи ташаккули шахсияти комил ва бунёди ҷомеаи солим мебошад.
Бигзор Наврӯзи нав барои шумо пур аз дастовардҳои созанда, имкониятҳои нав ва руҳияи болида бошад. Бигзор, ҳар рӯз ва ҳар лаҳза барои шумо шодмонӣ, саломатӣ ва муҳаббати самимӣ ба ҳамкорон ва шогирдон орад. Ояндаи соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо заҳмати шумо умедбахш хоҳад буд», — гуфт Фарҳод Раҳимӣ.
Мудири бахши маориф ва илми Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода ва муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода оид ба мақоми байналмилалӣ касб намудани ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан намуданд.
Аз ҷониби ҳунармандони шинохтаи мамлакат ва донишҷӯёну омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барномаи театрии фарҳангӣ, ки иборат аз шеъру тарона, рақсу бозиҳои варзишӣ ва сурудҳои тараннумгари Наврӯз ва Ватан буд, пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.






































Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Кормандони Муассисаи давлатии «Маркази тиббӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд






