ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори ватанӣ дар болои дарёи Кофарниҳон ба маблағи 5 миллион сомонӣ кӯпруки мошингузар сохт
ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар болои дарёи Кофарниҳон кӯпруки мошингузар ба дарозии 220 метр бо маблағи зиёда аз 5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ин купрӯк иқтидори борбардории 7 тоннаро дошта, деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Ҳисор, ноҳияи Рӯдакӣ ва ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо бо ҳам мепайвандад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, кӯпруки мошингузар дар болои дарёи Кофарниҳон бахшида ба 35 –солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори муввафақи ҷумҳурӣ Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш дар равандии корҳои ободонию бунёдкорӣ сохта шудааст.
Дар маросими ба истифода додани пули мошингузар дар деҳаи Шерхонии Ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор роҳбарияти шаҳр, сармоягузорони ватанӣ ва сокинону меҳмонон аз ноҳияҳои Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Рӯдакӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода ба соҳибкори ватанӣ Муҳиб Бобоҷонов ва фарзандонаш барои анҷоми ин амали нек аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр «Сипоснома» тақдим намуд.
Гуфта шуд, ки соҳибкорони саховатпешаю ҳимматбаланд дар пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқдомҳои наҷибро пеш гирифтаву амалӣ менамоянд. Ин ташаббусҳо дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дар доираи эълон гардидани соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ» вусъати бештар гирифтаанд.
Кӯпруки мошингузар, дар баробари он ки шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Рӯдакиро ба ҳам мепайвандад, ҳамчун пайвандгари дилҳо мардумро ба ҳам наздик намуда, инчунин ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақа мусоидат хоҳад намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор











Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Дар деҳаҳои Қалъаи нав, Ҷавонӣ ва Чормағзи шаҳри Роғун се кӯдакистон ба истифода дода шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД…». Дар Тоҷикобод даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо фаъолони шаҳри Исфара вохӯрӣ намуд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Суғд зиёда аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистони хусусӣ ва толорҳои варзишӣ бунёд карда мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Кадучӣ толори варзишию маркази хизматрасонӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи маъдан ва кӯҳкорӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад
Иҷрои нақшаи бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилояти Хатлон 112 фоиз таъмин гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд






