Иштирокдорони Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ бо низоми кишоварзии нодири дараи Алмосӣ — гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз иштирокдорони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /FAO/ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисор рафта, бо низоми кишоварзии нодири ин минтақа, аз ҷумла боғҳои ангуру гелос, парвариши зироати кишоварзӣ ва гӯсфанди зоти ҳисорӣ аз наздик шинос гардиданд.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки иштирокдорони конфронси сатҳи баланд ҳамзамон дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор муҷассамаи гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобиро, ки дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузошта шуда буд, тамошо намуданд.
Пайкарасозон бо тавсияи коршиносони соҳаи меъморӣ лоиҳаи маҷмааро бо сабки меъмории анъанавии тоҷикӣ, иборат аз ду пайкара- марду зан, ки сабади меваю ангур ва баррача рӯи даст доранд, тарҳрезӣ кардаанд. Дар пояи муҷассамаи рамзӣ мақсади гузошта шудани он бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳаккокӣ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки 7-8 июли соли 2025 дар пойтахти Италия- шаҳри Рим ҷаласаи гурӯҳи илмию машваратии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Зимни он аз ҷониби Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» дода шуд, ки дар Осиёи Марказӣ ягона мебошад. Ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.
Ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ»–«GIAHS»Globally Important Agriculture Heritage System ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ намунаи барҷастаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) арзёбӣ мегардад.
Ба меҳмонон ва иштирокдорони конфронси сатҳи баланд иттилоъ дода шуд, ки ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» барои кулли мардуми Тоҷикистон ифтихори бузург аст. Зеро Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аввалин мамлакате мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати дорои низоми беназири таърихии кишоварзӣ, гуногунии баланди биологӣ, устувории экосистема ва мероси миллии фарҳангӣ эътироф гардидааст.
Ба меҳмонон ҳамзамон доир ба мавқеи ҷуғрофии дараи Алмосӣ маълумот пешниҳод гардид. Гуфта шуд, ки дараи Алмосӣ дар километри 20-уми самти ғарбии шаҳри Душанбе, дар байни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақоҳ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор доман густурдааст. Дара як қисми мамнуъгоҳи олами ҳайвонот ба ҳисоб рафта, 6,000 гектарро дар бар мегирад, ки дар баландии то 2100 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Дастрасӣ ба ин минтақа нисбатан осон аст. Нахуст роҳ аз деҳаи Алмосӣ мегузарад, ки он ба деҳаҳои хурд-хурд тақсим шудааст. Ва баъдан аз он ҷо роҳ ба водии Хонақоҳи кӯҳӣ ва сипас ба самти табиати вуҳуш ва дурдасти қаторкӯҳҳои Ҳисор мебарад. Дараи Алмосӣ, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст, бо табиати зебову дилфиреб яке аз минтақаҳои ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар ин ҷо дар соҳилҳои дарёи кӯҳии Хонақоҳ даҳҳо истироҳатгоҳ ва марказҳои фароғатӣ фаъолият менамоянд.
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, низоми кишоварзии нодир дорад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус ангури тоифии гулобӣ, ки ба иқлими ин маҳал хеле мутобиқ аст, парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Таъкид гардид, ки ангури тоифӣ, ки дар дараи Алмосӣ парвариш меёбад, бо назардошти муътадил будани иқлим ранги гулобӣ мегирад. Гуфта шуд, ки ангури тоифии гулобӣ бо таъм фарқ намуда, ба бемориҳо тобовар аст ва қобилияти хуби нигаҳдорӣ дорад. Донааш байзашакл буда, пӯсти ғафс ва таъми ширин дорад. Дар фасли зимистон дар дохили хона онро дар ҳарорати то 15 дараҷа гармӣ то 5 моҳ нигоҳ доштан мумкин аст.
Давраи ҳосилғундорӣ аз моҳи сентябр то декабр мебошад. Инчунин аз ин навъи ангур шароб ё афшураҳои беҳтарин омода карда мешаванд. Буттамеваҳои ин навъи ангур миқдори кофии афшура доранд ва миқдори шакар дар онҳо мутавозин аст. Ранги ангури тоифӣ ба ҳарорати минтақа вобастагӣ дорад.
Ҳамчунин дар дараи Алмосӣ гӯсфанди зоти ҳисорӣ, ки калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор рафта, номдор аст, парвариш карда мешавад. Гӯсфанди ҳисорӣ зоти тоҷикии аслӣ буда, таърихи пайдоишаш ба давраҳои дур мерасад. Он зоти дуруштпашму дунбакалони маҳаллӣ буда, барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Пайдоишу парвариши он маҳз аз водии Ҳисор ибтидо гирифтааст. Саршумори асосӣ ва зоти беҳтарини гӯсфанди ҳисорӣ дар Тоҷикистон мавҷуд буда, бештар дар водии Ҳисор ва вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Парваришу афзоишдиҳии гӯсфанди зоти ҳисорӣ танҳо дар Тоҷикистон маҳдуд нест. Аз Тоҷикистон гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ– Қафқоз ва аксар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интиқол дода шуда, дар он ҷойҳо низ парвариш карда мешавад.
Дараи Алмосӣ ба яке аз минтақаҳои ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Иштирокдорони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /FAO/ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ зебоиҳои табиати нотакрор ва захираҳои шифобахши ин минтақаро, ки таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ҷалб намудааст, тамошо намуданд. Гуфта шуд, ки дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокутии кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки манзараи ин ҷо ба таври ҳайратангезу зебо боқӣ мондааст, ки онро бешазори арчаҳо, пиряхҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ фаро гирифтаанд. Баръакси дараҳои маъмултарини Точикистон дар дараи Алмосӣ сохтмони биноҳо кам ба мушоҳида мерасад, аз ин рӯ сайёҳон озодона дар соҳилҳои дарё хайма зада, истироҳат менамоянд. Зебоии ин мавзеъ ҳамчун гавҳари ниҳон барои онҳое, ки мехоҳанд худро дар оғӯши табиат эҳсос намоянд, макони хубе хоҳад буд, то аз манзараҳои нотакрору дилфиреб ва обу ҳавои хушу форамаш лаззат баранд.
Инчунин роҳбарияти шаҳри Ҳисор ба меҳмонон иттилоъ доданд, ки баъди ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидани дараи Алмосӣ барои рушди минтақаи Алмосӣ, хусусан бунёду таҷдиди роҳҳо ва ободонии деҳот дар ҳамкорӣ бо сокинони дараи Алмосӣ нақшаи корӣ тарҳрезӣ гардид, ки ҳадафи он рушду пешрафти ин мавзеи зебоманзар мебошад. Инчунин таъкид гардид, ки ворид гардидани дараи Алмосӣ ба феҳристи GIAHS ба рушди маҳал, ҷалби сармоя ба соҳаи кишоварзии минтақа, татбиқи барномаҳои давлатии ба соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва бехатарии озуқаворӣ рабтдошта мусоидат менамояд. Зеро GIAHS – ташаббуси байналмилалии UNFAO буда, ба ҳифз ва рушди равиши ҳамгироие, ки устувории системаҳои кишоварзии анъанавиро бо истифода аз донишҳои суннатӣ, агробиогуногунӣ ва ландшафтҳои беназир ҳифз менамояд, равона шудааст.
Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ, солҳои охир барои беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо ва дастрасӣ ба деҳаҳо дар ин мавзеъ корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, роҳҳои байниноҳиявӣ ва деҳаҳои дараи Алмосӣ бо саҳми мақомоти иҷроияи маҳаллӣ, шарикони рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ таъмиру таҷдид ва навсозӣ карда шуданд.
То имрӯз дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба Феҳристи «GIAHS» танҳо 12 иншоот дар 5 давлат- Андорра, Австрия, Италия, Испания ва Португалия дохил карда шудаанд. Дар ҷаҳон 99 иншоот аз 29 давлат ба Феҳристи «GIAHS» ворид гардидаанд. Дохил гардидани дараи Алмосӣ ба ин рӯйхат пуле байни мероси ғании табиӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ ва ҷомеаи байналмилалӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки давоми 5 рӯз–аз 11 то 15 май пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /FAO/ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ гардид. Ин чорабинии бонуфуз ба баланд гардидани обрӯю нуфузи Тоҷикистон ва муаррифии он ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ мусоидат менамояд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»




























Тоҷикистон ва Миср дар соҳаи авиатсияи гражданӣ Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии молҳо ва хизматрасонӣ барои саломатӣ ва зебоӣ доир мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Беларус дар самти сохтмон ва меъморӣ густариш меёбад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Аъзои хоҷагии деҳқонии «Бобои Ҳақназар» картошкаро ҷамъоварӣ намуда, тарбуз кишт мекунанд
Банкнотаи ҷашнии 100-сомонии Тоҷикистон ба рӯйхати ғолибони ҷоизаи байналмилалии IACA-2026 ворид шуд
Нақшаи пилласупорӣ дар вилояти Хатлон 76,9 фоиз иҷро гардид
Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва ширкати «OG Research» вохӯрӣ намуд
ПУЛИ САРМОЯГУЗОРӢ. Дар чорабинии канорӣ роҳҳои ҷалби захираҳои молиявӣ баррасӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад
Нигина Анварӣ: «Фонди махсуси навсозии системаҳои ирригатсионии Осиёи Марказӣ ташкил карда шавад»
Олег Кобяков: «Конфронси Душанбе ба таҳияи барномаи нави Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ мусоидат мекунад»






