Аз нигораҳои Саразм ва Панҷакенти қадим зиёда аз 35 000 нафар ҷаҳониён дидан карданд

Июнь 2, 2016 10:42

Душанбе, 2.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз 13 то 16 май Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент дар Фестивали ХVIII байналмилалии «Интермузей — 2016» иштирок намуда,  тавонист таърихи бойи тоҷиконро муаррифӣ созад. Фестивал дар намоишгоҳи марказии «Манеж» — и шафати Майдони Сурхи шаҳри Маскав баргузор гардид.
Тавре Фотима Рофиева, директори осорхона иброз намуд: «Осорхонаи таърихиву кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бори аввал дар он иштирок кард. Дар гӯшаи намоишии осорхона нигораҳои Саразм ва Панҷакенти қадимӣ, ороиши хона ва либосҳои миллӣ,  либосҳои тӯёна, намунаи ҳунари дастии ҳунармандони тоҷик ба маърази тамошо гузошта шуданд, ки аз ин намоиши осорхонавӣ зиёда аз 35 000 нафар ҷаҳониён дидан карданд».
Манбаъ ҳамчунин илова намуд, ки дар ҷараёни намоиш ба воситаи экран филмҳо дар бораи Тоҷикистон, Саразм, Панҷакенти қадим, сайри осорхонаи ба номи Рӯдакӣ ва анъанаҳои миллӣ намоиш дода шуданд.

Июнь 2, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад