Мӯҳсин Муҳаммадиев сармураббии нави КФ «Истиқлол»-и Душанбе таъйин шуд

Октябрь 31, 2016 17:28

Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе имрӯз шартномаи худро бо Мӯҳсин Муҳаммадиев собиқ сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бораи таъйин шуданаш ба мансаби сармураббии нави даста ба имзо расонд. Муҳлати шарнома се солро дарбар мегирад. Баъди анҷоми мавсими имсола Мӯҳсин Муҳаммадиев фаъолияти худро дар даста шурӯъ менамояд. Ёдрас мешавем, ки сармураббии дастаи «Истиқлол» -и Душанбе Мубин Эргашев баъди марҳалаи аввали мавсими футболи имсола бо ёваронаш аз вазифа сабукдӯш карда шуд ва «Истиқлол»-ро мураббии калони даста Нӯъмон Юсуфов ба унвони чемпионӣ расонд.
Мӯҳсин Муҳаммадиев пештар дар дастаҳои «Пахтакор»- и Қӯрғонтеппа (19841985); «Помир»-и Душанебе (19851992); «Локомотив»-и Маскав (19921993); «Спартак»-и Маскав (1994-1995) бозӣ кардааст. Чемпиони Русия дар соли 1994 мебошад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Русия як бозӣ гузаронида, муаллифи 1 тӯб гардидааст.
Дар вазифаи мураббии КФ «Витяз»-и Подолск (20032005), баъдан сармураббии ҳамин даста дар солҳои 20062008, директори варзишии КФ «Рубин»-и Қазон (20082012), сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон (2013-2015) ва «Ордабаси»-и Қазоқистон (2016) кор кардааст.

Октябрь 31, 2016 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2026» омодагӣ мебинад
Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд