СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ… (Ёдкарди АМИТ «Ховар» аз рӯйдодҳои хотирмони соли 2016)

Декабрь 31, 2016 08:00, 215 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

00

ДУШАНБЕ, 31.12.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол дар ин рӯзҳо мақомот ва ташкилоту  муассисаҳо бурду бохти фаъолияти худро тӯли як сол натиҷагарӣ ва ҷамъбаст менамоянд ва барои соли оянда нақшаҳои нав таҳия ва тасдиқ менамоянд. Умуман инсоният аз рӯи одат дар фарҷоми сол ба гузашта менигарад, то бубинад дар тӯли 365 рӯз чӣ корҳо карда ва чӣ воқеаҳо паси сар шудаанд, то тавонад барои ислоҳи нуқсонҳои мавҷуда ва ташкили рӯзгори беҳтару шоистатар чораҳо биандешад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо пайравӣ аз ин анъана аз рӯйдодҳои хотирмони соли 2016 ёдовар мешавад. Инак…

 

Дар Тоҷикистон…

 

15-16 марти соли 2016 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 21-уми Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ гузаронида шуд;

18-24 марти соли 2016 – Дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз баргузор шуд;

21-25 марти соли 2016 – Дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ тантанаҳои идона баргузор гардиданд;

15 апрели соли 2016 — Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд. Тибқи он минбаъд ҳамасола 16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад;

12 майи соли 2016 – Дар шаҳри Турсунзода бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 асос гузошта шуд;

1

 

22 майи соли 2016 – Дар ҷумҳурӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор шуд;

9-11 августи соли 2016 — Дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” доир гашт;

20 августи соли 2016 — Варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Наазаров дар  мусобиқаи гурзандозии Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ-2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бори нахуст дар таърихи навини кишвар соҳиби медали тилло гардид;

24 августи соли 2016 — Расо соати 6-и пагоҳии рӯзи 24-августи соли 2016 нахустин қатора аз саристгоҳи роҳи оҳани пойтахт бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар самти Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб ба роҳ баромад;

8-9 сентябри соли 2016  — Ба истиқболи 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишвар ҷамъомади тантанавӣ ва роҳпаймоӣ гузаронида шуд;

29 октябр соли 2016 — Дар шаҳри Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳили дарёи Вахш маросими оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун барпо шуд;

16 ноябри соли 2016 – Бори аввал дар таърихи навини кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса дар саросари мамлакат таҷлил карда шуд;

30 ноябри соли 2016 — Дар пойтахти Эфиопия- шаҳри Аддис-Абеба дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ «Оши палав ҳамчун хӯроки анъанавӣ ва фазои иҷтимоию фарҳангии он дар Тоҷикистон» ва «Наврӯз», ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, бо гирифтани аксари овозҳо расман ба Феҳристи репрезентативии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳанги ғайримоддӣ ворид карда шуданд;

21 декабри соли 2016 – Маҷмаи Умумии СММ қатънома оид ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор»,   солҳои 2018-2028-ро, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, қабул кард;

22 декабри соли 2016 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ паём ирсол намуданд;

Сафарҳои расмию давлатӣ ва кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла:

  • Аз 16 то 17 марти соли 2016 — сафари расмӣ ба Аморати Муттаҳидаи Араб;
  • Аз 15 то 17 майи соли 2016 — сафари расмӣ ба Давлати Кувайт;
  • Аз 23 то 24 июни соли 2016 — сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  • Аз 31 июл то 2 августи соли 2016 — сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Индонезия ва иштироку суханронӣ дар Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ;
  • З сентябри соли 2016 — сафар бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов ба шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
  • 16 сентябри соли 2016 — сафари корӣ бо мақсади иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Шўрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ба Ҷумҳурии Қирғизистон;
  • Аз 13 то 14 октябри соли 2016 — сафар бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Ҷумҳурии Арманистон;
  • Аз 28 то 30 ноябри соли 2016 — сафари корӣ бо мақсади иштирок ва суханронӣ дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт ба Венгрия;
  • Аз 1 то 2 декабри соли 2016 — сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Чехия;
  • Аз 12 то 16 декабри соли 2016 — сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка;
  • Аз 17 то 18 декабри соли 2016 — сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Ҳиндустон;
  • 26 декабри соли 2016 — сафари корӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия.

 

…ва дар ҷаҳон

 

16 январи соли 2016 – Шӯрои амнияти СММ, ИМА ва Иттиҳоди Аврупо таҳримҳоро бар зидди Эрон бекор карданд;

19 марти соли 2016 – Бар асари суқути ҳавопаймои «Боинг» дар Ростови лаби Дони Федератсияи Россия 62 нафар ба ҳалокат расиданд;

22 марти соли 2016 – Дар Шаҳри Брюссели Белгия се ҳамлаи террористӣ – 2 то дар фурудгоҳи байналмилалӣ ва 1-тои дигар дар истгоҳи «Малбек» содир карда шуданд. Дар натиҷа 35 нафар ҳалок гардида, зиёда аз 340 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар уҳда гирифт;

4 июни соли 2016 – Муштзани маъруфи амрикоӣ Муҳаммад Алӣ (Кассиус Мартселлиус Клей), ки қаҳрамони чандкаратаи ҷаҳон дар вазни вазнин ба шумор мерафт, дар 75-солагӣ дунёро падруд гуфт;

Аз 10 июн то 10 июли соли 2016 – Дар 10 шаҳри Франсия Чемпионати Аврупо доир гардид, ки ғайричашмдошт тими мунтахаби Португалия қаҳрамон шуд;

23 июни соли 2016 – Дар Британия доир ба узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо (Brexit) раъйпурсӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти шаҳрвандони Шоҳигарӣ (51,8%) ба ҷонибдории баромади Британия аз иттиҳод овоз доданд;

26 июни соли 2016 – Артиши ҳукуматии Ироқ шаҳри Ал-Фаллуҷаро, ки аз соли 2014 инҷониб зери назорати гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) буд ва ҳудуди муҳими стратегии террористон маҳсуб мешуд, озод намуд;

27 июни соли 2016 –Муносибатҳои Россияву Туркия пас аз 7 моҳи сарозер шудани ҳавопаймои Су-24-и Россия аз нав барқарор гардиданд;

28 июни соли 2016 – Дар фурудгоҳи байналмилалии ба номи Отатурки Истанбули Туркия ҳамлаи террористӣ анҷом дода шуд, ки дар натиҷа 40 нафар қурбон гаштанд;

13 июли соли 2016 – Сарвазири Британия Дэвид Кэмерон истеъфо дод ва ба ҷойи ӯ Тереза Мэй сарвазири ин кишвар таъйин шуд;

14 июли соли 2016 –Дар шаҳри Нитсаи Франсия ҳамлаи террористӣ бо истифода аз мошини боркаш содир карда шуд, ки боиси марги 84 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 100 каси дигар гардид;

16 июли соли 2016 — Дар Туркия гурӯҳи ошӯбгарон кӯшиши табаддулоти ҳарбӣ намуданд, ки сари вақт пеши он аз ҷониби мақомот ва мардуми ин кишвар гирифта шуд. Бар асари он 248 шаҳрванди ин кишвар ба ғайр аз ошӯбгарон ҳалок гардида, беш аз 2 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд;

5-21 августи соли 2016 –Дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия Бозиҳои 31-уми тобистонаи олимпӣ доир шуданд, ки дар онҳо теъдоди рекордии олимпичиёни зиёда аз 200 кишвари дунё ширкат варзиданд;

20 августи соли 2016 – Дар шаҳри Газиентипи Туркия дар як маъракаи тӯй таркиш рух дод, ки 54 нафар ҳалок шуда, тақрибан 70 каси дигар ҷароҳат бардоштанд;

24 августи соли 2016 – Заминларзаи шадид бо қувваи 6,0 балл дар Италия рух дод, ки 300 нафар ҷон бохта, ҳазорҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Беш аз 3 ҳазор нафари дигар бехона монданд;

31 августи соли 2016 – Сенати Бразилия ба ҷонибдории барканоршавии (импичменти) президенти кишвар Дилма Роуссеф овоз дод, ки дар натиҷа Роуссеф аз мансаб барканор шуда, ба ҷойи ӯ Мишел Темер интихоб гардид;

2 сентябри соли 2016 – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар 79-солагӣ аз олам даргузашт;

13 октябри соли 2016 –Шоҳи Таиланд Пхумипхон Адулъядет (Рами 9) олами ҳастиро падруд гуфт;

8 ноябри соли 2016 — Доналд Трамп номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентии ИМА ғайриинтизор бо гирифтани овози беш аз 270 интихобкунанда пирӯз омад. Доналд Трамп новобаста аз он, ки коршиносону мутахассисон ва пурсишҳо ғолибияти Ҳиллари Клинтон, номзади Ҳизби демократҳоро пешгӯӣ мекарданд, ғолиб гардид;

25 ноябри соли 2016 – Фидел Кастро, инқилобчӣ ва собиқ президенти Куба дар синни 90 аз дунё чашм пӯшид;

29 ноябри соли 2016 –Ҳавопаймои мусофирбар дар Колумбия суқут кард, ки дар дохили он 77 нафар мусофир, аз ҷумла ҳайати дастаи футболи «Шапекоэнсе»-и Бразилия қарор доштанд;

4 декабри соли 2016 – Дар Ӯзбекистон интихоботи президентӣ баргузор шуд, ки дар он Шавкат Мирзиёев президент интихоб гардид;

16 декабри соли 2016 – Маркази Русия оид ба оштии тарафҳои даргир дар Сурия пурра аз террористон озод гардидани шаҳри Ҳалаби Сурияро, ки аз соли 2012 инҷониб зери назорати террористон қарор дошт, эълон кард;

19 декабри соли 2016 – Дар Анқара сафири Россия дар Туркия Андрей Карлов зимни ифтитоҳи намоиши аксҳо «Россия аз нигоҳи туркҳо» аз ҷониби Мавлут Мерт Олтинтош ном шахси мусаллаҳ кушта шуд;

25 декабри соли 2016 – Дар Сочи ҳавопаймои Ту-154-и Вазорати мудофиаи Россия, ки ба самти Сурия парвоз дошт, дар фазои Баҳри Сиёҳ суқут кард. Дар дохили он 92 нафар, аз ҷумла  хизматчиёни ҳарбии Россия, ҳунармандони ансамбли ба номи Александров, хабарнигорон ва роҳбари фонди «Кумаки одилона» Елизавета Глинка, маъруф ба доктор Лиза қарор доштанд;

 

Рӯйдодҳои соли 2016-ро

Акрамхоҷа АКБАР

ёдовар шуд

Декабрь 31, 2016 08:00, 215 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашандИмрӯз дар бисёре аз нуқтаҳои сайёра мардумони зиёде аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд
121Рамазон Раҳимзода бо Дэвид Рубино самтҳои ҳамкории муштаракро баррасӣ карданд
????????????????????????????????????Хатлон: вохӯриҳои судманд оид ба пешгирии омилҳои номатлуб миёни наврасону ҷавонон
Новый рисунокВохӯрӣ бо занони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ оид ба баробарҳуқуқӣ
Обзор«Фарзандони азиз, вазифаи шумо илму дониш омӯхтан аст», «Фарҳанги сарварӣ ва таъсири он ба кор» — шарҳи матбуот
Дарёфт ва мусодираи симобДарёфт ва мусодираи беш аз 2 кило симоб
Хоруг. 64 килограмм маводи нашъадор ба оташ кашида шуд (1)Боз 64 килограмм маводи нашъадор ба оташ кашида шуд
Боздиди Рамазон РахимзодаБоздиди Рамазон Раҳимзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Раёсати кофтукови ҷиноятӣ
iktisodКоршиносон ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодиро баррасӣ менамоянд
1«Чархболҳои Россия» дар бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон харидор мекобанд
boronАз 30 март то 1 апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст
Чаббор Расуло мулоко бо чавононТаъмини иштироки ҷавонон дар бартарафсозии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ