Имрӯз бозии аввали «Дордой» бо «Ҳосилот»-и Фархор доир мегардад
ДУШАНБЕ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ӯши Қирғизистон дастаи «Дордой»-и Бишкек барандаи медалҳои нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-дастаи «Ҳосилот»-и Фархорро дар дидори аввалини рақобатҳои плей-офии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) қабул мекунад. Бозӣ дар соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз меёбад.
Дирӯз дар нишасти матбуотӣ сармураббии дастаи «Ҳосилот» Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев изҳор кард, ки ғолиб аз рӯи ду бозӣ муайян мегардад: «Мо дастаи «Дордой»-ро хуб омӯхтаем ва бозии ин дастаро бо «Балкан»-и Туркманистон дар ихтиёр дорем. Дар ҳайати дастаи «Дордой» шумораи 23-юм маҳорати хуб дорад ва бо ӯ легионери ӯзбекистонӣ -Алишер Азизов баробар бозӣ мекунад. Ин бозии муҳим барои легионерҳои ганагии дастаи мо ба ҳисоб меравад, зеро онҳо пештар барои дар ҳайати дастаи «Дордой» ҳунарнамоӣ кардан ба ин ҷо омада буданд, аммо роҳбарияти даста онҳоро напазируфт. Дар ин бозӣ онҳо бояд тавре ҳунарнамоӣ кунанд, ки масъулин аз қабул накардани онҳо таассуф хӯранд».
Иброҳим Рабиев, нимҳимоятгари «Ҳосилот», ки дар ин нишаст иштирок дошт, гуфт, ки мақсади даста ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифтан аст.
Дар нишасти матбуотӣ сармураббии «Дордой» Мурат Ҷумакеев аз вазъи ҳаво ва таъсири он ба бозӣ ҳарф зада, изҳор кард, ки «агар майдон хуб бошад, мо омодаем бозии зебо нишон диҳем. Дар бораи бозии «Ҳосилот» маълумоти зиёд дорем ва онро хуб омӯхтаем».
Бозии ҷавобии ин дастаҳо 28 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе мегузарад. Аз рӯи натиҷаи ду вохӯрӣ дастаи ғолиб ба гурӯҳи «Д»-и Осиёи марказӣ, ки дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, Алтин Асир»-и Туркманистон ва «Алай»-и Қирғизистон қарор доранд, ҳамроҳ мешавад.








Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард
Варзишгар аз Тоҷикистон Абдулмаҷид Кудиев дар Узбекистон медали тиллоро сазовор шуд
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Чин бозиҳои дӯстона баргузор мекунад
Ғолибони Чемпионати Осиё оид ба бокс қадрдонӣ карда шуданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстона бо тими мунтахаби Ҳиндустон муайян гардид
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими мунтахаби Ҳиндустон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
Дар деҳаи ба номи Иброҳим Бозорови шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол майдони варзишии «Ҳумо Арена» ифтитоҳ ёфт
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол Фестивали бошукуҳи футбол баргузор гардид






