Дар Кумитаи забон ва истилоҳот «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ва масъалаи номгузорӣ матраҳ гардид

Июнь 29, 2018 13:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2018. /АМИТ «Ховар»/. Танзими  номгузории шаҳрвандон  дар заминаи меъёрҳои  таърихии номгузории  тоҷикӣ ба фарзандон, ки яке аз арзишҳои   маънавии миллии мо  маҳсуб ёфта,  аз гузаштаи дури  таърихи забонамон сарчашма мегирад, амалӣ мешавад. Он ҳамеша мавриди  таваҷҷуҳи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  дорад. Ин нуктаро раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода  имрӯз зимни баргузории  конфронс дар мавзӯи «Ташвиқу тарғиби дурусти «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» баён дошт.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ медиҳад, дар конфронс кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти шиносномадиҳӣ иштирок намуда, масъалаҳои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми бақайдгирӣ ва номгузорӣ ба кӯдакон, таҳлили сабти ному насаб дар бахшҳои САҲШ-и шаҳру ноҳияҳои мамлакатро баррасӣ намуданд.

Сармутахассиси шуъбаи танзими истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвбону Фарҳодова дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт, ки ҳадафи баргузории конфронси имрӯза- ин дуруст пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои асосии тасдиқкунандаи номи шаҳрвандон мебошад.

Мутобиқи моддаи 20 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шахс илова намудани тахаллусҳои «Мулло», «Халифа», «Тура», «Хоҷа» «Валӣ», «Охун» ва тахаллусҳои ба инҳо монанд, ки боиси тафриқаандозӣ миёни мардум мегарданд, манъ мебошад.

«Вожаҳое, ки ифодакунандаи ранг, меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгор ҳайвонот, ба истиснои «Шер», ки дар номгузории тоҷикон ифодакунандаи далерию мардонагӣ аст ва ба ин монанд номҳо ғалат буда, аз Феҳристи номҳои миллии  тоҷикӣ баргирифта шудаанд. Ҳамчунин ҳангоми бақайдгирии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном бояд дар шакли пурра ва дуруст навишта шавад»,-афзуд Сарвбону Фарҳодова.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки «Феҳристи номҳои миллии  тоҷикӣ» эҳёгари арзишҳои  маънавӣ, сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги  миллӣ  тавассути  забони миллӣ, инчунин номгузории  суннатии тоҷикӣ мебошад.

Феҳристи  номҳои миллии тоҷикӣ  аз ду қисмат иборат буда,  бо рақамгузорӣ пайгирӣ мешавад. Дар қисмати аввали он номҳои  духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона  оварда шудаанд. Инчунин бо мақсади  дуруст навиштани  номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ  тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҷой дода, ба феҳрист замима шудааст.

Июнь 29, 2018 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд