Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 27 –умин солгарди истиқлолияти давлатӣ

Сентябрь 9, 2018 19:19
09.09.2018, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони сокинони пойтахт!
Ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони пойтахти азизамон — шаҳри зебои Душанберо ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллиамон — бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳафт соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардидаанд.

Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёдии рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некӯаҳволии сокинон ба шумор мераванд.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карданд ва онро хеле ободу пешрафта гардониданд.

Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Хусусан, ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об пайваста ҷонибдорӣ мегарданд.

Соли 2018 барои кишвари мо соли воқеан таърихӣ мебошад.

Зеро бо қарори Созмони Милали Муттаҳид амалӣ гардидани ташаббуси навбатии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал, Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз шуд, ки ин иқдом саҳми арзишманди кишвари мо дар самти ҳалли яке аз мушкилоти мубрами аҳли башар, яъне масъалаи об мебошад.

Ҳозирини арҷманд!

Боиси хушҳолист, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ симои пойтахти давлати тоҷикон — шаҳри Душанбе ба куллӣ дигаргун шуда, дар натиҷаи заҳмати аҳлонаву ватандӯстонаи сокинон ва соҳибкорону тоҷирони бонангу номуси он амалҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намудаанд.

Таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, марказҳои варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва инфрасохтори хизматрасонӣ ҳоло боиси рушди босуръати пойтахти маҳбубамон гардида истодаанд.

Бо риояи санъати баланди меъмории милливу муосир бунёд гардидани иншооту биноҳо, боғу гулгаштҳои замонавӣ ва таҷдиду азнавсозии хиёбону кӯчаҳо ба шаҳри Душанбе ҳусни тоза бахшидааст.

Итминони комил дорам, ки сокинони шаҳри Душанбе минбаъд низ бо ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандорӣ корҳои ободониро дар пойтахти азизамон вусъати бештар мебахшанд, шаҳри Душанберо ба макони воқеан биҳиштосо, шаҳри зебову пешрафта табдил медиҳанд ва собит месозанд, ки тоҷикон дар тӯли таърихи худ мардуми шаҳрсозу шаҳрдору шаҳрнишин буданд.

Ман ба азму иродаи ватандӯстона ва қудрати созандаи мардуми шарифи кишвар ва сокинони соҳибмаърифату сарбаланди пойтахт эътимоди комил дорам.

Ва хуб медонам, ки онҳо ба хотири ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, пешрафти давлат, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ минбаъд низ сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Бори дигар, ҳамаи сокинони кишвар ва шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори 27 – мин солгарди истиқлолияти давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо хушбахтиву иқболи нек, оромиву осоиш ва муваффақияту комёбиҳо орзумандам.

Бигзор, ба шарофати истиқлолият маркази сиёсӣ ва илмиву фарҳангии давлати тоҷикон — пойтахти азизамон боз ҳам ободу зебо гардад!

Бигзор, Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ва шаҳри Душанбе ҳамчун меҳвари сулҳу субот абадан боиси ифтихори тамоми тоҷикон бошад!

Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Сентябрь 9, 2018 19:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
35 — СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ 216 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад