Дар Рим вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Италия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 13.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 декабр дар Рим дар ҳошияи Конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Италия ва Осиёи Марказӣ: таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкорӣ ва шарикӣ» вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Луиҷӣ Дӣ Майо баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италияро баррасӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амният ва муҳити зист мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамтои хешро ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи баланд дар Тоҷикистон дар соли 2020, аз ҷумла конфронсҳои навбатӣ оид ба хатару чолишҳои амниятӣ ва татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» даъват намуд.
Акс аз ВКХ ҶТ








Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ ва амниятии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт бо Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё мулоқот намуд
Мероси Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар нишасти байналмилалӣ дар Теҳрон баррасӣ гардид






