«Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон» — намоиши махсуси филмҳои нави тоҷикӣ дар Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил дар Бангладеш

Декабрь 10, 2019 08:18

ДУШАНБЕ, 09.12.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз 7 декабр дар  Бангладеш 15-умин Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил ҷараён дорад, ки дар он намоиши махсуси филмҳои нави тоҷикӣ доир мегардад. Намоиши мазкур бо унвони «Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон» созмон ёфтааст. Дар ин бора аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин барнома беш аз 12 филм, ки онҳоро кинематографистони тоҷик солҳои 2018 ва 2019 офаридаанд, намоиш дода мешаванд. Дар ин миён филмҳои ҳуҷҷатии «Умед»- коргардон Дилошӯб Орифзода, «Шӯроб»- маҳсули кори якҷояи Дилошӯб Орифзода ва Далери Имомалӣ, «Умар-ако»-и коргардон Далери Имомалӣ, инчунин  филмҳои кӯтоҳи «Чархофалак» ва «Марги ламсшуда» аз коргардон Беҳрӯз Давлатбеков, «Таксӣ»-и коргардон Файзулло Файз, «Бархӯрд»-и коргардон Фирдаус Нину, «Некӣ»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Дуғоб»–и коргардон Зайнулобиддин Мӯсо, «Бункер»-и коргардон Диловар Султонӣ, «Аз баландии парвоз» –и коргардон Акмал Восидӣ, «Боздоштшудагон» аз коргардон Хушнуд Шукуров, ки онро дар ИМА таҳия кардааст, мебошанд.

Дар барномаи озмунӣ танҳо филми ҳуҷҷатии «Умар-ако»-и коргардон Далери Имомалӣ миёни 8 филм аз кишварҳои Миянмар, Бангладеш, Ҳиндустон, Япония, Туркия ва Тоҷикистон иштирок мекунад.

Барномаи «Давлат дар конуни дурбин: Тоҷикистон»-ро  коргардон ва мунаққиди тоҷик Шарофат Арабова созмон додааст.  Бештари филмҳо, ки дар чорчӯбаи барномаи мазкур намоиш дода мешаванд, истеҳсоли МД “Тоҷикфилм” мебошанд ё бо ҳамкорӣ бо он наворбардорӣ шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки 15-умин Кинофестивали ҷаҳонии филмҳои кӯтоҳ ва мустақил дар  Бангладеш то 13 декабр идома меёбад.

Декабрь 10, 2019 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар дар даври вилоятии озмун иштирок менамоянд
Мавсими 87-уми театрӣ бо операи «Рӯдакӣ» оғоз гардид
УСТОД РӮДАКӢ-БУНЁДГУЗОРИ ФАРҲАНГ, АДАБИЁТ ВА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсия баргузор шуд
Ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Чин густариш меёбад
«СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД». Профессор аз Тоҷикистон соҳиби ин ҷоизаи байнидавлатӣ гардид
Дар Душанбе Форуми заминшиносии Осиёи Марказӣ-2024 баргузор шуд
Соли 2025 Тоҷикистон мизбони Шурои вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои ИДМ мегардад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии фарҳангии Санкт-Петербург сухан гуфтанд
АМИТ «Ховар» бо Агентии давлатии иттилоотии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Кохи фарҳанги ноҳияи Темурмалик кинотеатри «Тоҷи Сомон» таъсис дода шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши ҳунарҳои қадимии миллии халқи тоҷик баргузор гардид
Агентиҳои иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд