Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии нуҳуми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон

Декабрь 17, 2019 08:11

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тошканд бо ташаббуси Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) вохӯрии 9-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои ҳориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқоти мазкур ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода иштирок намуд.

Дар суханронии худ Музаффар Ҳусейнзода роҷеъ ба дурнамои ҳамкории кишварҳои минтақа дар соҳаҳои гуногун ва зарурати таҳкими муқовимати муштарак бо таҳдиду чолишҳои муосир ибрози андеша намуд.

16 декабр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Тошканд бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хонум Ноҳид Исор мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.

Ҳамзамон ҳар ду ҷониб ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори умедворӣ намуданд.

Инчунин 16 декабр муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар шаҳрри Тошканд бо Роҳбари Намояндагии минтақавии Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) дар Осиёи Марказӣ хонум Ашита Миттал мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз раванди мусбати рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNODC изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо чолишҳои вобаста ба маводи мухаддир таъкид намуданд. Ҷонибҳо инчунин масъалаи расонидани мусоидати фанниро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ҷониби UNODС ҷиҳати муборизаи босамар бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор доданд.

                                                                                      АКСҲО  аз ВКХ ҶТ

Декабрь 17, 2019 08:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Риёз бо ибтикори Сафорати Тоҷикистон доир ба Конфронси оби Душанбе брифинг баргузор шуд
Ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми оби Душанбе баргузор гардид
Дар Душанбе масъалаҳои равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Чин баррасӣ шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 19-уми Форуми Созмони ҳамкории Шанхай оид ба имконияти рушди саноати «сабз» сухан гуфт
Ҳайати Тоҷикистон дар «Бозори байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид» иштирок намуд
Тоҷикистон ва Лубнон масоили тавсеаи робитаҳои судмандро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» муҳокима гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд форумҳо ва фестивалҳо гузаронида мешаванд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
Дар Рим барномаву стратегияҳои Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Рим рушди муносибатҳои гуногунҷанбаро мавриди баррасӣ қарор доданд
Дар Рим имконияти сармоягузорӣ ва зарфияти иқтисодии Тоҷикистон ба ширкатҳои бонуфузи Италия муаррифӣ карда шуд