Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Дар рӯзҳои боронӣ дучанд эҳтиёт намоед!»
ДУШАНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 7 то 9 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, дар баъзе ноҳияҳо борони шиддатнок дар назар дошта шудааст. 7-8 апрел раъду барқ ба амал омада, 9 апрел дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ дар баландиҳои зиёд аз 1000 метр, дар вилояти Суғд дар баландиҳои зиёда аз 800 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли табдил ёфтани борон ба барфи тар пешгўӣ мешавад.
Аз Агентии обуҳавошиносӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои доманакўҳ ва кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод, Файзобод), вилояти Хатлон (Восеъ, Хуросон, Кўлоб, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин) ва доманакўҳҳои вилояти Суғд (Истаравшан, Панҷакент) эҳтимоли ба вуҷуд омадани сел пешгӯӣ мешавад. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсў, Қизилсў (ҷанубӣ), Обихингоб, шохобҳои канории дарёи Вахш эҳтимоли якбора баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, дар ин рӯзҳо хавфи омадани сел, фаромадани лойқа ва сангрезаҳо дар роҳҳои мошингарди мамлакат ва рух додани дигар офатҳои табиӣ вуҷуд дошта метавонад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз сокинон хоҳиш менамояд, ки ҷӯйборҳову каналҳои назди биноҳои истиқоматии худро аз ҳар гуна хасу партов ва лойқа тоза кунанд, то оби боронҳои шадид бе мамониат ба ҷуйборҳо ҷорӣ шуда, ба хонаву ҳавлӣ ва заминҳои кишт зарар нарасонад.
Кумита ҳамчунин ба шаҳрвандони мамлакат тавсия медиҳад, ки дар рӯзҳои боронӣ аз баромадан ба шикор, моҳидорӣ, корҳои саҳроӣ, ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва чорводорӣ худдорӣ намоянд. Барои пешгирии садамаҳо дар шоҳроҳҳо, алахусус ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ронандагон бояд тамоми қоидаҳои ҳаракатро дар роҳро риоя намуда, хусусан суръати ҳаракатро баланд насозанд.
Дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои нохуш шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягона- 112 ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо рақами 93 880 28 19 ва 223 13 11, инчунин Раёсати КҲФ дар ш.Душанбе:
225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
(83222) 2-35-05, 2-78-28
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
(83522) 2-40-57, 2-53-47
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
(83422) 6-58-72, 5-15-5
дар тамос шаванд.








Дар ноҳияи Муъминобод санги асоси фурудгоҳи маҳаллӣ гузошта шуд
Дар Тошканд масоили ҳифзи ҳуқуқи инсон дар шароити трансформатсияи рақамӣ баррасӣ шуд
Тоҷикони муқими шаҳри Хабаровски Русия 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Натиҷаҳои амалишавии Лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имконияти бокортаъминшавӣ» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор муассисаи тандурустӣ фаъолият мекунад






