Суҳбати телефонии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон
ДУШАНБЕ, 21.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 май суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Зограб Мнатсаканян баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни суҳбат мусоҳибон масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии коронавируси навро мавриди баррасӣ қарор дода, роҷеъ ба иқдомҳои пешгирифтаи ҳукуматҳои ду давлат ҷиҳати мубориза бо ҳамагирии ҷаҳонӣ табодули маълумот намуданд.
Ҳамчунин вазирони корҳои хориҷӣ дар бораи масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба табодули назар карда, ҷиҳати таҳкими ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф, пеш аз ҳама, бо истифода аз абзори ройзаниҳои сиёсӣ ва зарфияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Арманистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ба тавофуқ расиданд.








Сафири Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Ашқобод иштирок намуд
Дар шаҳри Уфа 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод дар САҲА муррафӣ гардид
Дар шаҳри Санкт-Петербург 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири ҷавонон ва варзиши Миср мулоқот намуд
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Нахустин Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба Султони Умон эътимоднома супорид
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид






