«Taj China» аз супоридани пардохтҳои гумрукӣ озод шуд
Душанбе, 12.11.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Taj China», ки дар шаҳри Ваҳдат корхонаи семент месозад, барои воридоти маводу таҷҳизот аз пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 4,6 миллион $ озод карда шуд. Дар ин росто 12 ноябр палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон -Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» тағйиру илова ворид намуд. Меҳринамо Ҷонмамадова-муовини вазири молияи кишвар, ки дар назди вакилон масъалаи мазкурро тавзеҳ дод, гуфт, ки корхонаи семент дар шаҳри Ваҳдат бо сармояи 30 миллион $, ки 23 миллион $ сармояи хориҷӣ ва 7 миллион $ маблағҳои дохилист, бунёд мешавад. Маблағи умумии маводу таҷҳизотҳои барои сохтмони корхонаи семент воридшаванда 20 миллион $ ё 101 миллион сомонӣ буда, пардохтҳои гумрукии он 24,2 миллион сомонӣ, аз ҷумла боҷи гумрукӣ 5,1 миллион сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 19,1 миллион сомониро ташкил медиҳад. Тибқи лоиҳаи сохтмонӣ корхонаи семент дар марҳилаи аввал бо иқтидори истеҳсолии 600 000 тонна ва дар марҳилаи дуюм 1 миллион тонна дар як сол сохта мешавад. Дар мавриди ба кор даромадани корхонаи семент ташкили 380 ҷойи корӣ ва воридоти андоз ба буҷет дар як сол аз 60 то 100 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Дар раванди кашидани хати об барои эҳтиёҷоти корхона объёрии бештар аз ду ҳазор гектар замин дар минтақаи ағбаи Чормағзак пешбинӣ гардидааст. Аз пардохтҳои гумрукӣ озод намудани воридоти молҳо барои корхонаи семент дастгирии молиявии давлатӣ барои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мегардад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






