Ташаккули ҳувияти миллӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба забони тоҷикӣ

Декабрь 3, 2014 15:41

Душанбе, 3.12.2014. (АМИТ «Ховар»).-Забон на танҳо василаи фикру андеша ва муоширати байниҳамдигарии одамон маҳсуб мегардад, балки дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва бедории фикрии соҳибзабонон низ нақши бориз дорад. Дар иртибот ба ин забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи фарҳанги ақвоми эронитабор ба ҳайси лисони илму тамаддун эътироф шуда, махсусан дар бедории фикрӣ ва ташаккули ҳувияти миллии инсонҳо нақши муассир доштааст. Бетардид забони тоҷикӣ дар тӯли давру замонҳо забони илму хирад ва сиёсат буд. Бедории фикрии мардуми тоҷик аз сифатҳои волое, чун кушодазабонӣ, андешамандӣ ва нуктапардозӣ маншаъ мегирифт, ки ҳамаи онҳо барои пиёдасозии як ҳадаф — огоҳ сохтан ва бедор намудани ҷомеа равона гардида буданд. Кулли сифатҳои нуктапардозӣ ва андешамандии мардуми фарҳангии тоҷик алайҳи кӯтоҳназарӣ, таассубофарӣ, хурофотпарастӣ ва заъфандешии аҷнабиён ва душманони миллат нигаронида шудааст ва имрӯз низ ин рисолати наҷибро ба ҷо меорад. Забон аз нишонаҳои асосии миллат ҳисоб меёбад ва фарҳехтагони илму тақвои аҳди Сомониён тибқи ҷавози шаръӣ ба исбот расонидаанд, ки «…забони биҳиштиён форсӣ аст…ва забонест, ки барои нахустин бор бо он забон бо Парвардигор сухан гуфта шудааст»(1, 2). Маҳз ин ҷасорати беҳамто боиси бедории фикрии мардуми тоҷик гардида, сабабгори он шуд, ки дар тӯли даҳ аср на танҳо ин забон аз байн нарафт ва ба соҳибзабононаш воситаи аввалияти такаллум гардид, балки ба шарофати ин фатвои ҷасурона намояндагони дигар забонҳо ҳам бо умеди бо Парвардигор муошират кардан забони тоҷикиро ҳамчун забони аҳли биҳишт дар баробари забони модарии худ пазируфтанд, бо ин забон ният карда, намоз гузориданд. Махсусан дар нимаи дуюми солҳои 80-уми садаи ХХ баҳси мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва бедории фикрии тоҷикон саҳми муассир гузошт ва он як навъ бонги бедорие буд, ки соҳибзабононро ба худшиносии миллӣ даъват менамуд. Дар иртибот ба ин вақтҳои охир гоҳо аз забони баъзе шахсон мешунавем, ки онҳо муборизаҳои афроди бедордилро дар роҳи ҳифзи забони давлатӣ ва Қонуни забон аз омӯзгори одӣ сар карда, то аҳли илму эҷод нодида мегиранд ва онро як раванди таърихӣ медонанд. (2, 5). Ба касе пӯшида нест, ки маҳз раванди бедории фикрӣ дар мабнои забони миллӣ тавассути намояндагони илму адаб — Муъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Бозор Собир, Лоиқ, Акбар Турсон ва садҳо нафар фарзандони фарзонаи миллат таҳкиму тақвият ёфт. Муҳаммадҷон Шакурӣ дар хотироти шифоҳии «Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт» (3, 24) ба ҳамин нодида гирифтанҳо ишора намуда, таъкид менамояд, ки баҳси Қонуни забон, ки таърихи ҳамин рӯз аст, навишта нашудааст. Мавсуф барҳақ ишора менамояд, ки «…дар ин мубориза гурӯҳи калони одамони одӣ, муаллимони қишлоқ иштирок карданд. Он иштироккардаҳо бешуморанд. Ёдашон ба хайр!» (3, 25). Ҳақиқатан ҳам банда, ки он солҳо омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №33 дар ноҳияи Вахш будам, аз соли 1986 сар карда, дар атрофи такмили барномаи таълимии забон ва адабиёти тоҷик, тозагии забон, бедории фикрӣ ва забони миллӣ, таълими мавзӯъҳои марбут ба забондонӣ ва ҳувияти миллӣ як силсила мақолаҳои илмию методиро тавассути рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ пешниҳоди хонандагон гардонидам. Моҳи ноябри соли 1987 мо як гурӯҳ омӯзгорони мактаби миёнаи рақами 33 ва сокинони деҳаҳои Мискинободу Навкорами ноҳияи Вахш (ҷамъ 22 нафар) ба президенти вақти Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон шодравон М.С.Осимӣ мактуб навиштем, ки дар саргаҳи он насаб ва номи ман меистод. Дар муроҷиати мазкур пеш аз ҳама масъалаи танҳо ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ва ҳамчунин зиёд намудани соатҳои фанни забон ва адабиёти тоҷик, ба зергурӯҳҳо тақсим намудани дарсҳои забони тоҷикӣ, таҳияи китобҳои дарсии забони тоҷикии ҷавобгӯй ба ормонҳои миллии тоҷикон зикр шуда буд. Аз ин рӯ, ба мактуби мо дар масъалаи ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ аз номи шодравон М.С.Осимӣ аввали соли 1988 ҷавоб омад ва дар он зикр гардида буд, ки Ҳукумати Тоҷикистон сари ин масъала кор карда истодааст. Оид ба таклифҳои дигар муовини вазири маорифи вақт Никулшин ба мо посух фиристод ва дар он таъкид шуда буд, ки оид ба такмили таълими забони тоҷикӣ ба қарибӣ қарори КМПК Тоҷикистон ба тасвиб мерасад. Ҳақиқатан он қарор баъди чанде аз тариқи матбуот интишор шуд, вале танҳо ба такмили омӯзиши забони тоҷикӣ ихтисос дода нашуда, ба такмили таълими забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бахшида шуда буд. Насли миёна ва калонсол ёд дорад, ки баҳси ба забонҳои миллии ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ додани мақоми давлатӣ бо шарофати бозсозӣ ва ошкорбаёнии М. Горбачёв оғоз ёфт, вале пештар аз ин таълифоти рӯҳи бедории миллӣ доштаи адибони ғайрирус, ба монанди Чингиз Айтматов (қирғиз) ва Расул Ғамзатов (авар, Доғистон) аҳли эҷод ва ашхоси бедордилро ангезаи амиқи бедории миллӣ бахшид. Махсусан «Доғистони ман»-и Р.Ғамзатовро на танҳо аксари зиёиёни тоҷик, балки кулли наврасону ҷавонон монанди таълифоти адибони бедордили тоҷик чун асари худии рӯҳи миллӣ ва ғайрирусӣ дошта истиқбол намуданд, зеро дар шароите, ки тамоми сардамдорони Кремл забони русиро чун забони муоширати байни миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ мақоми давлатӣ доданӣ мешуданд, Расул Ғамзатов нотарсона алайҳи онҳое, ки забонҳои миллиро маҳв карданӣ буданд, овоз баланд менамояд. «Забони халқҳо барои ман чун ситораҳои осмонанд. Намехостам, ки ҳамаи ситораҳо як шуда, ба ситораи бузурге табдил ёбанд. Ба ситораи бузург ҳоҷат нест, зеро як офтоб бас аст. Аммо бигузор ситораҳо ҳам нур пошанд. Бигузор ҳар кас худ ситорае дошта бошад». Мавсуф ба бузургии забонҳои хурди миллӣ боварӣ дошт, ки дар ҷойи дигар таъкид менамояд: «Ман ба сухани геологҳое, ки мегӯянд дар кӯҳи хурд низ тиллои бисёр ҳаст, бовар мекунам». Тавре ки академики шодравон М.Шакурӣ ёдовар шудааст, масъалаи вазъи забонҳои миллии халқҳои шӯравӣ нахуст дар ҷаласаҳои Иттифоқи нависандагони шӯравӣ, Институти адабиёти ҷаҳон, Институти шарқшиносии ИҶШС, дар идораҳои рӯзномаю маҷаллаҳои пойтахти Иттиҳоди Шӯравӣ- Маскав бардошта шуд. «Суханро аз он оғоз карданд, ки дар ҷумҳуриҳо вазъи забонҳои миллӣ хеле бад аст. Забони миллӣ аз инкишоф, аз тараққӣ бозмондааст, хеле хароб шудааст, оҷизу нотавон шудааст. Дар зери фишори пурзӯри забони русӣ қарор ёфтааст. Дар ҳама ҷо забони русӣ ҳукмрон аст. Аммо забони миллии ҳар ҷумҳурӣ аз иҷрои вазифаҳои иҷтимоии худ маҳрум мондааст. Вазифаи иҷтимоии худро иҷро карда наметавонад. Аз ҳуқуқҳо маҳрум аст, амал намекунад. Вазифаи худро иҷро намекунад. Ба таъбири дигар пасмонда, бознишаста, харобу афгор аст», — мегӯяд М.Шакурӣ (3,2). М.Шакурӣ таъкид менамояд, ки оид ба баргардонидани ҳуқуқҳои қонунии забонҳои миллӣ дар Маскав академик Лихачёв, Ч. Айтматов (дар шаҳри Фрунзе(Бишкек) ҳамагӣ як мактаби қирғизӣ боқӣ монда буд), дар Ҷумҳуриҳои Молдова ва Эстония аввалин шуда, овоз баланд намуд. Тӯфони муборизаи зидди беҳуқуқии забонҳои миллӣ ва муборизаи ҳифзи забон ба Тоҷикистон ҳам ба зудӣ асар намуд, зеро он солҳо забони тоҷикӣ низ чун дигар забонҳои миллии халқҳои шӯравӣ дар чор девори хона ҳабс шуда буд. Ин забон бо ном амал мекард ва онро хафви нестшавӣ таҳдид менамуд. Бинобар ин зиёиёни эҷодкори тоҷик тадриҷан ба мубориза барои баргардонидани ҳуқуқҳои қонунии забони тоҷикӣ ворид гардиданд. Аксари ҳаводорони забони тоҷикӣ он солҳо мақолаҳои академик М.Шакуриро бо номҳои «Ҳар кас ба забони хештан дармонад», «Ҳукумати асрҳо» ва «Ду забонӣ ё безабонӣ» (соли1988) дар «Литературная газета» ёд доштагистанд. Тавре ки ёдовар шудем, Тоҷикистон ба мубориза дар роҳи дифои забони давлатӣ дар Осиёи Миёна аввалин шуда, боҷуръатона дохил шуд. Ҳаводорони забон ёд доранд, ки оғози муборизаҳо аз моҳи ноябри соли 1988 бо шарофати дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо шудани ҳамоиши илмӣ оид ба вазъи имрӯзаи забони тоҷикӣ шурӯъ шуд. Ба конфронс муаллимони пешқадами ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъват шуда буданд. Аҳли эҷод, олимон ва омӯзгорони эҷодкор, ки муштоқи чунин ҳамоиш буданд, баробари гирифтани даъватнома ба пойтахт шитофтанд. Камина, тавре ки пештар ёдовар шудам, азбаски ҷиҳати ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ ҳамроҳ бо 22 нафар мактуби дастҷамъӣ ба АФ ҶТ ирсол намуда будам ва дар сархати он насаби ман меистод, аз вилояти собиқи Қӯрғонтеппа ҳамроҳи шодравон Наҷмиддин Тоҷиддинов, нозири маорифи вилоят ва Ҷӯрахон Бобохонов, дастурдеҳи шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш ба ин конфронс даъватномаи иштирок карданро шарафёб гардидам. Дар толор дар шафати мо донишманди физик Саидҷаъфар Қодирӣ ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ Аҳмад Алиев ва Шоҳвалӣ Саидҷаъфаров менишастанд. Конфронсро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ ҶТ, шодравон Абдуқодир Маниёзов мебурд. Баъди сухани ифтитоҳии мавсуф профессори шодравон Шарофиддин Рустамов маърӯза намуд. Тавре ки академик М.Шакурӣ низ иқрор мешавад (3, 37-38), аз маърӯзаи Ш. Рустамов мо нафаҳмидем, ки ӯ тарафдори мақоми давлатӣ гирифтани танҳо забони тоҷикӣ аст ё забонҳои тоҷикию русӣ.Баъд аз нимрӯзӣ бо шарофати гузориши шоира Гулрухсор, ки пешниҳод кард: ё забони давлатии тоҷикӣ ё дузабонӣ бояд дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гузошта шавад, аҳли толор хеле руҳбаланд ва далер шуданд. На танҳо зиёиёни пешқадами пойтахт, балки омӯзгорони эҷодкори гӯшаҳои дурдасти Тоҷикистон- Рашту Айниву Мастчоҳу Исфара низ бонавбат ба сухан баромада, изҳор мекарданд, ки танҳо ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Лекин гоҳо ашхосе садо баланд мекарданд, ки тарафдори дузабонӣ (русӣ- тоҷикӣ) ва ҳатто сезабонӣ (русӣ -тоҷикӣ-ӯзбекӣ) буданашонро пинҳон намедоштанд. Рӯзи дуюми конфронс бо ташаббуси А. Маниёзов ва М.Шакурӣ қарори конфронс ироа гардид. Қарорро М. Шакурӣ қироат намуда, таклиф кард, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ баробар мақоми давлатӣ дода шавад. Дигар охири сухани М. Шакурӣ шунида нашуд, чунки аҳли толор якбора бо ҳаёҳӯй ва доду фарёд аз ҷой хестанд ва дузабониро рад карданд. Дар он лаҳзаҳо ман баромади бо шӯру ҳаяҷон ва хашини адабиётшинос Қамчин Чиллаевро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, чунки номбурда бе ризоияти раисикунанда ба минбар баромада, тамоми қаҳру ғазаб ва хашми худро ба сари Абдуқодир Маниёзов ва Муҳаммадҷон Шакурӣ рехт. Ба ростӣ, ман он вақтҳо чунин шахси бе рӯю риё гап мезадаро бори аввал медидам.А. Маниёзов ночор он бандро ба овоз гузошт. Аз тарафи аҳли толор танҳо ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ сад дар сад овоз гирифт. Толор низ нафаси озод кашид, чунки ниҳоят ақли солим ғалаба кард. Вале ҳукуматдорони вақти Тоҷикистон дар таҳияи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» соли 1989 ҳилаи шаръиро ба кор бурданд. Агарчи Шӯрои Олии Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дод, вале дар як моддаи он таъкид намуд, ки забони русӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон чун забони муоширати байни миллатҳо амал менамояд. Фақат ин камбудиро, ки як навъ тарғиби дузабонӣ буд, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки бо қабули Қонун «Дар бораи забони давлатӣ» (№553 аз 5.10.2009) хеле боҷуръатона ислоҳ намояд.Мумкин баъзеҳо даъво намоянд, ки вақти қабули Қонуни забон дар соли 1989 империяи шӯравӣ ҳукм меронд ва чунин ҷуръат аз тарафи сардамдорони давр ба марг баробар буд. Аммо дар ин шароити соли 2009 низ сарфи назар кардан аз забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва қабули қонун дар бораи забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатиро танҳо диловарии бемисл номидан лозим аст, зеро баъди қабули қонун садҳо васоити ахбори русӣ дар навиштаҳои иғвоангези худ ба сари Ҳукумати Тоҷикистон ва Президенти он санги маломат меафканданд.Ногуфта намонад, ки соли 1992 банда кулли мақолаҳои илмию методии ба тарғиби забони тоҷикӣ ва усули таълимии он бахшидаамро бо номи «Забони хуни мо бояд шавад бедор» (4, 53) интишор намудам. Ба сифати унвони китоб камина як мисраи шоир Муҳаммадалии Аҷамиро пазируфтам, ки шеър мардумро ба бедорӣ ва бузургдошти забони модарӣ даъват менамуд:Агар хоҳем бо хуршед пайвастан,Забони хуни мо бояд шавад бедор,Забони хуни мо бояд шавад хуршед,Ки хуни мурда миллатро наояд кор. (4, 3) Ин иқдоми ҷасуронаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шуда буд, ки забони тоҷикӣ чун дигар забонҳо омили муҳими муоширати одамон ва пайвандгари риштаҳои дӯстӣ ва бародарии тамоми халқҳои маскуни Тоҷикистон аст, чунки дар моддаи дувуми Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст».Аз ин хотир мо чун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як фарди ватандор вазифадорем, ки ин нуктаҳои Сарқонунро дар бораи амали забони давлатӣ иҷро намоем. Дар робита ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон таъкид намуд: «Ифтихори ватандорӣ аз донистани забон, таърих ва фарҳанги Ватан ибтидо мегирад» ё дар ҷойи дигар таъкид намудааст, ки: «Забон дар паноҳи давлат ва давлат дар паноҳи забон аст». Чунин суханони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сароғози ҳамаи маҳфилу нишастҳо ва зеби лавҳаю минбарҳост, зеро ба қавли мавсуф «забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллист». Агар нишонаи асосии миллати тоҷик забони тоҷикӣ бошад, дар навбати худ маҳз забони тоҷикӣ аст, ки муҷиби пойдории миллати тоҷик гардидааст. Бинобар ин Президенти мамлакат дар аксари суханрониҳояш таъкид менамояд, ки омӯзиши забони хориҷӣ — англисӣ ва русӣ маҳз дар заминаи забони давлатӣ роҳандозӣ гардад. «Ин забон аз басо забонҳои олам таълифоти зиёд ва шуарои зиёд дорад ва бояд бо ин забон болид, нозид», -мегӯяд Моили Ҳиравӣ, адиби Афғонистон. Онҳое, ки ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатиро раво донистанд, боварӣ доштанд, ки забони тоҷикӣ аз забонҳои муқтадир ва соҳибхати дунёст, ки ҳанӯз дар қарни даҳ дар аҳди Сомониён бидуни қабули қонуни забон ё дигар чорабиниҳои сиёсӣ аз рӯйи иродаи устувор ва сатҳи баланди хештаншиносии амирони сомонӣ ба мақоми давлатӣ соҳиб шуда буд. Ҳазорҳо таълифоти илмӣ ва осори манзуму мансур бо ин забон эҷод шудааст, ки эътибори онро баробари бисёр забонҳои машҳури асрҳои миёна баланд бардоштаанд. Ба касе пӯшида нест, ки аз канораҳои баҳри Миёназамин то баландиҳои Ҳиндукуш, аз кӯҳсори Қафқоз то халиҷи Форс дар тӯли асрҳои аср забони тоҷикӣ барои бисёр халқҳои қораи Осиё забони давлатдорӣ ва дипломатӣ ҳисоб мешуд. Пас аз Инқилоби Октябр, баъди тақсимоти маъмурию ҳудудӣ маҳз бо шарофати забони тоҷикӣ, ки яке аз нишонаҳои давлат маҳсуб мегардад, соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. То солҳои 30-юми садаи ХХ мавқеи забони тоҷикӣ бад набуд, вале баъдтар забони тоҷикӣ аз даҳани сарварони воломақоми ҷумҳурӣ афтод, дар чордевори хона маҳдуд шуда монд. Ҷойи онро забони русӣ ишғол намуд. Маҳз қабули Қонун дар бораи забон ба ин раванди номатлуб хотима гузошт. Агарчи қонуни забон ба бархурдҳои сахт мувоҷеҳ шуд ва ҳоло низ ин раванд идома дорад, зеро ҳанӯз ҳам носуфтагиҳои зиёди забонӣ ҳар рӯз ба чашми мо бармехӯранд, ҳанӯз ҳам қисме аз зиёиёни мо аз фикр кардан ва сухан намудан ба забони давлатӣ душворӣ мекашанд, таркиби луғавиашон камбағал аст, аз омӯхтани забон ор мекунанд, ҳанӯз ҳам қоидаҳои имло овозҳои «ӯ» ва «у» хурду калонро ба вартаи раҳгумӣ афкандааст. Вале мо аз он шукргузорем, ки бо дамидани субҳи истиқлол ва махсусан баъди ба сари ҳукумат омадани Президенти кунунии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ пуштибони худро ёфт: ба даҳони даъвогарони дохилию хориҷӣ муҳри хомӯшӣ зада шуд.Ҷаноби Олӣ гаштаю баргашта ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад: «Бузургтарии вазифаи ҳар як фарде, ки даъвои фарҳангу забон мекунад, нигаҳбонию пос доштани ин мероси муқаддас ва ба наслҳои оянда расонидани забони ширину шево ва забони шеъру одоби оламшумули тоҷикӣ мебошад». Охир ба таъбири Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Забони модарӣ симо ва пайкари миллат аст. Ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад».Ҳасани Муродиён, доктори илмҳоифилологӣ, профессори ДДҚ ба номиНосири Хусрав, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Декабрь 3, 2014 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст