ДМИТ: Мулоқот дар самти пешгирии амалҳои номатлуб

Март 31, 2016 16:58

Душанбе, 31.03.2016. (АМИТ «Ховар»). 30 март дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо намояндагони сохторҳои гуногуни давлатӣ мулоқот дар самти пешгирии амалҳои номатлуби иҷтимоӣ доир гардид.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, дар мулоқот муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода сухан гуфта, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки аз дастовардҳои бузурги истиқлолият неру гирифта, барои пешрафти кишвар талош варзанд ва муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон бошанд, зеро сулҳу салоҳ ва тинҷию амонии кишвар беҳтарин неъмат ва имконият барои кулли сокинони кишвар, аз ҷумла ҷавононанд.
Муовини сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Назаров изҳор дошт, ки солҳои охир масъалаи ба ҷинояткорию қонуншиканӣ даст задани ҷавонон ташвишовар буда, мутаассифона, нишондиҳандаҳои оморӣ сол то сол афзоиш ёфта истодаанд. Ба гуфтаи номбурда, дар соли 2015 5840 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир шудааст, ки ин нисбат ба соли 2014 қариб 10% зиёд аст.
Ҳамзамон дар мулоқот аз ҷиноятҳое, ки аз тарафи духтарон ва донишҷӯён содир мешаванд, изҳори нигаронӣ карда шуд.

Март 31, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад